Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ШАЙДОИ ГУЛ

Гулпарварӣ яке аз машғулотҳои дӯстдоштаи сокини маҳаллаи Қавола Ҳафиз Атоқулов мебошад. Синнаш ба 72 расида бошад ҳам, худро чолоку боқувват эҳсос мекунад. Зеро ба ӯ накҳату зебогии гулу табиат илҳом мебахшад.

- Аз хурдсолӣ ба корҳои деҳқонии падарам ёрӣ мерасонидам, - мегӯяд Ҳафизака. - Нигоҳубини дарахтон, парвариши ток ва гулҳои хонагиро аз падарам омӯхтам. Дар ҳама ҷо ҳамроҳам гул аст.
Ҳоло Ҳафизака Атоқулов ба майдони 1 сотих замин гармхона ташкил намуда, гулҳои рангорангро мепарварад. Ӯ ба симои писараш Меҳроҷ нигариста, ҷавонии худро мебинад. Дар гармхона беш аз 70 намуди гулҳо мавҷуданд. Зиёда аз ҳазор адад гулҳои хонагӣ дар тубакҳои гуногун нашъунамо меёбанд. Ба онҳо дар вақташ нуриҳои минералӣ ва ғизо медиҳад. Ӯ гулҳоро бо роҳи қаламча ва аз тухмашон зиёд мекунад.
Ҳангоми фурӯши гулҳо ба харидор таъин мекунад, ки ба гулҳо меҳр диҳанд. Дар оилаашон ҳамеша ширинсухану меҳрубон бошанд. Зеро гулҳо навозишу меҳрубониро дӯст медоранд.
Ҳоло се нафар фарзанди Ҳафиз Атоқулов касби падарро омӯхта, ҳамроҳаш дар гармхона меҳнат мекунанд.
Ҳафизака ният дорад, ки дар оянда ҳамроҳи фарзандонаш дар ноҳия маркази гулҳоро ташкил намуда, ба табиатдӯстони наврас асрори ин ҳунарро омӯзад. Ба муассисаҳои таълимӣ гулҳои гангоранг армуғон созад.

Илҳом МУСТАФОҚУЛОВ


Последнее редактирование: 11/10/2019 18:01;   Просмотров: 972
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку