Маҳаллаи Деҳнав яке аз мавзеъҳои хушбодуҳавои ноҳияи мо ба шумор меравад. Аҳолӣ асосан бо деҳқониву зироаткорӣ шуғл меварзад.
Чанде пеш, ҳокими вилоят Э.Турдимов аз фаъолияти деҳқонон, истифодаи замини наздиҳавлигии деҳнавиён ошно гардида, ба онҳо баҳои муносиби худро дода буд. Ин маҳаллае, ки бо мардуми заҳматкашаш дар соҳаҳои гуногуни ҷамъият ном баровардааст, сарвари фидокорро мехоҳад.
Ин нукта дар интихоботи раиси Ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Деҳнав аз забони сокинони он борҳо садо дод. Дар интихобот ба раиси собиқи он Ҷаъфар Бобоев, ки то ин давр маҳалларо сарварӣ намуда буд, ташаккур баён карданд. Аз рӯи овоздиҳии пӯшидаи мардум раисии маҳалла ба дӯши Шодмон Шамсиев вогузор гардид. Раиси нав барои боварӣ ба халқи заҳматкаш изҳори миннатдорӣ намуда, оиди корҳои дарпешистода ҳарф зад.
Озод ҲАМИДЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.