Се рӯз пеш аз Наврӯз мардум маросими хонабароронро мегузаронад. Хонаҳоро аз чангу ғубор тоза менамоянд. Наврӯзро дар манзили тозаву озода ҷашн гиранд, тамоми сол дар хонадон файзу баракот ҳукмрон мегардад.
Шоми 21-уми март мардум тамоми зарфҳоро аз об пур менамоянд, ки он рамзи ҳаёти фаровон ва мусаффо аст.
Дар дастархони наврӯзӣ бояд хатман сабза, суманак ва бичаки алафӣ бошад. Зеро онҳо рамзи баҳоранд.
Дар арафаи Наврӯз занҳо аз кабудиҳо бийипурӣ пухта, ба ҳамсояву хешу табор медиҳанд, ки ин рамзи шодиёнаи баҳор аст.
Таҳияи Дилрабо
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.