Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Шукри Ҳаёт

Исломҷон Исломқулов 10-уми сентябри соли 2011 ба дунё омад. Барои падараш Алишерҷону модараш Наргиза пас аз се духтар - Мафтунаю Фотимаю Зӯҳро тӯҳфаи арзандаи Оллоҳи меҳрубон буд. Ӯ рӯз то рӯз ба воя мерасид ва ҳастии ӯ ба аҳли оила завқи нотакрор мебахшид. Вақте ки ӯ дунимсола шуд, падар сӯйи Россия ва модар ба мактаби таълими умумии рақами 16-и ноҳияи Самарқанд барои давом додани фаъолияти меҳнатӣ пардохтанд. Ба Исломҷон то омадани модар модаркалонаш нигоҳубин мекард.

Рӯзе модар аз кор баргашта, Исломҷонро бо шиками каме варамида дид. Бо хавотир ӯро ба беморхонаи бисёрсоҳавии вилоят бурд.
Сардухтури беморхона Комил Ҳакимов аз модараш пурсид, ки мабодо Исломҷон дар хурдӣ ягон хел бемор нашудааст. Модараш гуфт, ки дар ҳафтмоҳагӣ боре ӯро каждуме газида буд. Вақте ба беморхона бурдем, ӯро танҳо сӯзандору карданд.
Ҳа-а, - гуфт Комил Ҳакимов, - бояд ҳамон вақт бо доруҳои гуногун тани ӯро аз заҳри каждум тоза кардан лозим буд. Заҳр дар хун омехта шуда, ба ягон аъзои ӯ таъсири бад мерасонад. Ин беморӣ натиҷаи ҳамон бепарвоии духтурон аст.
Қариб як сол ӯро табобат карданд. Вале табобатҳо натиҷае набахшид.
Бо тавсияи духтурон ӯро ба беморхонаи марказии шаҳри Тошканд гирифта рафтем. Баъди муолиҷаи он ҷо мо ба хона бармегаштем. Дар роҳ мошин каме таваққуф кард. Исломҷон аз дасти ман дошта, аз модараш дуртар бурд ва бо овози паст пурсид:
- Бибиҷон, ҳамин духтур маро то охир сиҳат мекунад?
Ман дар ҳайрат мондам: кӯдаке, ки сеюним сол дошт, аз модари худ чунон истиҳола намуда, бо чашмони ҳаросон ба ман нигоҳ мекард. Ман чӣ гуфтанамро надонистам, аз ҳайрат шах шуда ҷавоб додам:
- Албатта, ҷони бибӣ, сиҳат мешавӣ. Духтур доруҳои хубро ба ту тавсия кард.
Рӯзе, ки ӯро аз табобатхона ҷавоб доданд, сӯйи тарабхонаи "Ширин" рафтем. Мурғкабобро дӯст медошт. Ману Исломҷону модараш мурғкакбоб мехӯрдем, сипас, шириниҳое, ки бо худ доштам, бо чой тановул кардем. Ҳар се хурсанд будем. Ният мекардем, ки Исломҷон дигар бемор нашавад. Ҳамин вақт Исломҷон ба ман рӯй оварду гуфт:
- Онаҷон, маро имрӯз беҳад хурсанд кардед, ташаккур.
Ман навозишкорона ӯро ба оғӯш гирифта, аз рӯяш бӯсидам.
Солҳо гузаштанд. Баъзан дар Тошканд, баъзан дар беморхонаи бисёрсоҳавии Самарқанд табобат менамудем. Лек ҳамаи инҳо натиҷаи дилхоҳ намедод. Ӯ навозандагиро дӯст медошт. Доираро хуб менавохт.
Исломҷон ҳафтсола шуд. Дар мактаб тӯҳфаи Президентро хурсандона қабул кард. Аз китобҳои гуногун, дафтарҳои қатору қаламҳои ранга шод шуд. Орзу дошт, ки монанди дигарон мактаб хонад..
Беморӣ ба ӯ чун ширеш часпида буд. Моҳи сентябр дар беморхонаи Тошканд қариб ҳаждаҳ рӯз хоб кард. Дар шифохонаи бисёрсоҳавӣ боз табобатро давом медод.
- Онаҷон, ман барои чӣ ба дунё омадам? Фақат духтур, беморхона, дору, укол...
- Не, не ҷони ман, ин тавр нагӯй. Ту ҳоло сиҳат мешавӣ, маро ба зиёрати Ҳаҷ мебарӣ.
Ӯ хомӯшона сарашро хам кард, болои зонуям нишаста, маро сахт ба оғӯш гирифт. Ниҳоят маро раҳо карду ба ҷогаҳаш дароз кашид.
Мо ба хона омадем. Тамоми шаб хоб накардем. Саҳарии барвақт шитобон сӯйи шифохона рафтем. Ӯро ба палатаи алоҳида гузаронида буданду ҳавои сунъӣ ба ӯ ёрӣ медод. Баробари маро дидан сӯям маъюсона назар кард.
- Онаҷон, ман акнун мемурам, - гуфту чашмонашро пӯшид...

Фарида АҲМАДОВА,
корманди мактаби таълими умумии рақами 16-и ноҳияи Самарқанд


Дата добавления: 18/01/2019 15:32;   Просмотров: 1008
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку