Инак, моҳи шарифи Рамазон, яъне моҳи мағфирату бахшиш ва иҷобати дуоҳо интиҳо ёфта, иди саиду мубораки Фитр фаро расид.
Бояд доим дар хотир дошта бошем, ки маҳз ба шарофати истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатӣ мардуми азизи Ӯзбекистон ба эҳёи суннату анъанаҳои гузашта ва таҷлили иду маросимҳои милливу динии худ муяссар гардиданд.
Зеро ҳар иду маросим ва ҳар суннати неки ниёгон, ки аз қаъри таърих бо беҳтарин хислату арзишҳои инсонӣ ҳамроҳи рӯҳи миллатамон то ба рӯзгори мо расидааст, нишонаи фарҳанги ғановатманди миллӣ ва рамзи орзуву ормонҳои халқи бостониву ободгарамон мебошад.
Моҳи мубораки Рамазон ва иди саиди Фитр аз ҷумлаи суннатҳои бисёр муқаддаси диниву миллии мардуми мусулмони мо буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат, бахшиши гуноҳ ва талаби аъмоли хайру созандаро дар худ таҷассум кардаанд.
Мардум дар ин рӯзи муборак пас аз як моҳи сабру таҳаммул ва тоату ибодат ятимону мӯҳтоҷонро дастгирӣ мекунанд, ба аёдати беморону мусибатдорон мераванд ва ба арвоҳи гузаштагон дуои хайр фиристода, аз даргоҳи Офаридгор барои худ, хешу табор, ёру дӯстон ва сарзамини аҷдодӣ саломатӣ, бахту саодат ва суботу оромиро талаб менамоянд.
Муҳимтарин фазилати ин рӯзи саид аз он иборат аст, ки мардум пас аз иҷрои яке аз фаризаҳои ислом - доштани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон бо нияти нек ва амалҳои хайру савоб ҳама якҷо шодиву сурур мекунанд. Ва кӯшиш мекунанд, ки ин хурсандӣ насиби ҳама бошад ва файзу савоби он низ ба ҳама баробар расад, зеро Худованд пас аз як моҳи омурзиш ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон чун рӯзи шодиву сурур, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббати инсонӣ муқаррар кардааст.
Бинобар ин, ҳамаи шумо - ҳамватанони азизро ба муносибати ин рӯзи муборак, яъне иди саиди Фитр самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар кадоматон оромиву осоиш, хушбахтӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Дар ин рӯзи саид аз Парвардигор оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровониро барои мардум ва кишвари худ талаб намудан, нияту гуфтор ва рафтору амали худро ба кори нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми наздикону ҳамватанон равона сохтан аз суннатҳои асили милливу динии мардуми соҳибфарҳанги Ӯзбекистон мебошад.
Ба ибораи дигар, иди саиди Фитр маросими шукрона ва расидан ба қадри неъматҳост.
Ин фазилати бузург моро водор менамояд, ки шукронаи неъматҳои ба мардуми мо насибгардидаро ба ҷо оварем.
Зеро шукргузорӣ аз неъмат ва қадршиносӣ аз дастовардҳо неъматро афзуну дастовардҳоро дучандон мегардонад.
Шоир ва орифи барҷаста Мавлонои Румӣ барҳақ фармудааст:
Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.
Ҳоҷи Лутфулло
ИБОДУЛЛОЕВ, имом хатиби масчиди ҷомеъи Хоҷа Абду Берун
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.