Солҳои истиқлол эътибор ба ҳамаи соҳаҳо афзуд. Барои соҳибистеъдодон дари имкониятҳо боз гардид. Имрўзҳо эҷодкорони кишвари соҳибистиқлол озодона машғули эҷод шуда, чакидаҳои хомаашонро пешкаши мухлисон мегардонанд ва шукронаи замони тинҷу осуда менамоянд.
Бахшида ба 25-солагии истиқлолияти Ўзбекистон зери рукни “Аз китобхонаи газетаи “Гулобод тонги” китоби “Шукрона” рўйи чопро дид. Он тавассути нашриёти “Янги нашр”-и Тошканд ба теъдоди 500 нусха нашр гардид. Дар китоб шеъру қисса, ҳикояву мақолаҳои аксар эҷодкорони ноҳияи Самарқанд гирд омадааст. Муҳаррири масъули китоб Ҷаъфар Муҳаммад мебошад. Сармуҳаррири газета, шоир Нормурод Каримов, профессор Аслиддин Қамарзода, мухбир Тошпўлод Юсуфов ва ҳаҷвнигор Бахтиёр Ҷумъа аъзои ҳайъати таҳриранд. Ба китоб шоир, номзади фанҳои педагогика Салим Кенҷаев тақриз навиштааст.
Бояд гуфт, ки китоб таҳти ҳомигии хоҷагии фермерии “Янгибоғ неъматлари” чоп гардид.
Н.ДИЛРАБО
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.