Ба воситаи телевизион Муроҷиатномаи роҳбари давлатро ба Маҷлиси Олӣ бо шавқ шунидам.
Зеро дар он Президентамон ба ривоҷи ҳамаи соҳаҳо, бахусус дастгирии тадбиркорӣ эътибори калон медиҳад. Он солест, ки интизораш будем. Аз ин нуқтаи назар моро лозим аст, ки бисёр вазифаҳои муҳимро ҳаллу фасл намоем. Пешрафти мамлакат ва беҳбудии халқ бевосита аз самаранокии ислоҳоти мо дар соҳаҳои иҷтимоӣ вобаста мебошад.
Дар бобати ташаккул додани муҳити беш аз пеш мусоид барои соҳибкорӣ ва тиҷорат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби дастгирии минбаъдаи соҳибкорӣ, зиёд намудани даромади аҳолӣ ба беҳтар кардани таъминоти нафақа корҳои бузургу мунтазамро иҷро хоҳем кард.
Роҳбари давлатамон дуруст таъкид мекунад, ки танҳо бо ҷалби фаъоли сармояҳо, ба роҳ мондани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ мо метавонем ба рушди ҳарчи зудтари иқтисодиётамон муваффақ гардем. Натиҷаҳои мусбат дар иқтисодиёт бошанд, имкон медиҳанд мушкилоти дар соҳаҳои иҷтимоӣ ғуншуда мустақимона ҳаллу фасл шаванд. Ҳамаи мо вазифадорем инро амиқ дарк намоем ва кори худро маҳз дар ин асос ба роҳ монем.
Барои ба дараҷаи нав, беш аз пеш баланд бардоштани ислоҳоти иқтисодӣ моро лозим аст як қатор вазифаҳои аввалиндараҷаро ҳаллу фасл намоем.
Афзоиши мӯътадили иқтисодиёти мо, пеш аз ҳама, бевосита ба ривоҷи соҳаҳои бузург вобаста мебошад.
Бинобар ҳамин ҳам моро зарур аст стратегияи рушди соҳаҳоеро, ки ба пешрафти иқтисодиёт такони пурқувват мебахшанд, кор карда бароем ва татбиқ кунем.
Фарҳод РАҲМАТОВ, сарвари корхонаи
"Монде - Люкс"
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.