Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

СОЛИ МУШ КАБИСА

Пас аз чанд рӯз соли 2019 аз саҳифаҳои таърих ҷой гирифта, Соли нави 2020 фаро мерасад. Одатан рақамҳои такрорёфтаро фоли нек мепиндоранд. Мувофиқи сол шумории ҳиҷриву қамарӣ низ соли 1441 фаро мерасад. Ба соли хушбахтию бурдборӣ, накӯкорию амалигардандаи орзуҳо будани соли нав умед мебандем.

Моро чӣ интизор аст?
Соли муш, ки бо оғози Соли нави 2020 фаро мерасад, ба онҳое, ки меҳнати сидқан мекунанд, дастоварду комёбиҳо пешгӯӣ мекунад.
Мушҳо аслан зираку доно ва ҳушёр мебошанд ва ҳамчунин дорои тактикаю стратегияи махсус дар олами худ мебошанд.
Рамзи соли 2020 ин металл ва ранги сафед дар симои муш аст. Металл маводи сахт ва инъикосгари матонату устуворӣ, пурқувватию тобоварӣ ва сахтӣ мебошад. Ранги сафед бошад, рамзи покию доногӣ, ҳақиқату некукорӣ мебошад. Вобаста аз ин чунин муш метавонад бо ноадолатӣ ва сахтиҳои зиндагӣ мубориза барад.
Онҳое, ки мехоҳанд доро шаванд ва дар ҷомеа ҷои намоёнро ишғол кунанд, агар кӯшиш кунанд, муваффақ мегарданд.
Ҳамчунин рамзи мушу метал дар ин сол сабаб мегардад, ки одамон дурбин ва пуртоқат бошанд.
Мушҳо дорои хотираи бисёр қавӣ мебошанд ва хурдтарин ҳолатро метавонанд дар худ сабт карда дар мавриди лозима ба кор баранд. Он дар ҳама ҳолат дорои энергияи хос буда, дар як вақт чанд корро метавонад иҷро намояд.
Мушҳоро чизе омӯзонидан ва ё бо чизе бовар кунонидан бисёр мушкил ва ҳатто дар бисёр ҳолат номумкин аст. Муш дар ҳама ҳолат нуқтаи назари худро дорад ва аз маҳорату малака ва зиракии худ истифода мебарад. Ҳамчунин мушҳо бисёр худхоҳ (эгоизм) мебошанд.
То ҷое, ки муши сафед рамзи ишқу муҳаббат ва диққат аст дар соли 2020 муносибатҳои наздикро бояд дар заминаи садоқату боварӣ асос бахшид. Инчунин мушҳо дӯст намедоранд вақте, ки одамон чизеро аз якдигар пинҳон мекунанд.
Дар соли 2020 хурсандиовар он аст, ки одамон кам ба касалиҳо гирифтор мешаванд ва саломатияшон хуб боқӣ мемонад. Коршиносон тавсия медиҳанд, ки дар инсол бояд фаъол буд, ба варзиш машғул шуд, аз маконҳои истироҳат бештар берун шудан лозим.
ПЕШВОЗГИРИИ СОЛИ НАВ
Новобаста аз он, ки муш ҳама чизро ба хонааш кашида мебарад, аммо дар хонааш бенизомиро хуш надорад. Ҳамеша тартиботро дар хонааш нигоҳ медорад, чизҳои қимматбаҳоро нигоҳ дошта, нолозимҳоро берун мекунад.
Ҳатто барои муш ҳам тоза ва ба тартибот даровардани хона дар Соли нав дар ҷойи аввал аст. Барои ҳамин Соли навро бояд бо тартиботу тозагӣ дар хона пешвоз гирифт. Ҳамчунин тирезаҳоро, ки ба воситаи онҳо рӯшноӣ вориди хона мегардад, бояд тоза кард.
То ҷое, ки мушҳо хонаҳои худро дӯст медоранд, беҳтар аст Соли нави 2020-ро дар хона пешвоз гирифт. Аммо аз тарафи дигар мушҳо маҳзунию ғамгиниро дӯст намедоранд ва барои онҳо шурӯ ғавғо завқовартар аст.
Вобаста ба рангҳо барои таҷлили Соли нав бояд қайд кард, ки рамзи ин сол, яъне муши сафед бештар рангҳои бур, сафед ва сиёҳро дӯст медорад. Аз рӯи ин рангҳо метавон бо истифода аз матоъҳо гулкориҳои солинавӣ офарид.
Ҳамчунин барои орою торо метавонанд нақшу нигорҳои металию нуқрагӣ истифода шаванд.
Хӯришҳои солинавӣ метавонанд гуногун бошанд ва ҳар халқу миллат аз рӯи урфу одати худ дастархон меорояд. Муҳим он ки дастархон пур ва дорои ғизоҳои калориядор бошад.
Чун муши сафед панирро нағз мебинад, будани панир дар дастархон бисёр ба маврид аст.
Соли кабиса - 2020
Соли нави дар пешистода соли кабиса мебошад, яъне дар тақвими сол 1 рӯз зиёд шуда ба 366 рӯз баробар мешавад, яъне дар соли кабиса феврал 29 рӯз мебошад, ки ин воқеа дар 4 сол як маротиба рух медиҳад. Ҳамин тариқ шахсоне, ки дар ин рӯз таваллуд мешаванд, маҷбуранд дар 4 сол як маротиба мавлуди худро ҷашн бигиранд.
Ба ақидаи ситорашиносон дар соли кабиса воқеаҳое рух медиҳанд, ки ҳеҷ кас интизорашон нест.
Аммо набояд воқеаҳои манфиро интизор шуд, баракс метавон интизори хубиҳо шуд. Муҳим он, ки дар ин сол бояд одамон дар ҳама ҳолат фаъол ва чусту чолок бошанд.
Ҳамчунин ситорашиносон бар онанд, ки соли 2020 барои ақди никоҳ бастан ва фарзанд ба дунё овардан бисёр мувофиқ мебошад.

Таҳияи Дилрабо ҒАФФОРДУХТ


Последнее редактирование: 27/12/2019 13:34;   Просмотров: 861
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку