Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

СОЛИМИИ МОДАРУ КӮДАК АСОСИ ПЕШРАФТИ ҳАЁТ АСТ

Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев бо як қатор аъзои ҳукумат, сенаторон, ҳокимони вилоятҳо, роҳбарони вазорату идораҳо, ректорҳои мак-табҳои олии тиббӣ ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ вохӯрӣ гузаронданд. Дар ин вохӯрӣ, ки ба шакли видео-анҷумани ташкил гардида буд, ман ҳам иштирок доштам.

Дар ҳақиқат, ислоҳоти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ гардидааст. Ба ин соҳа сол аз сол эътибор бештар мешавад. Дар мамлакат минбаъд ҳам, такмил додани низоми муҳофизати саломатии мардум, рағбатноксозии меҳнати ходимони тиббӣ, васеъ ҷорӣ кардани технология ва усулҳои замонавии табобат ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Бо ин мақсад базаи моддиву техники пунктҳои табобатии деҳот мустаҳкам гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин мешавад.

Роҳбари давлатамон бо мақсади шабу рӯз кор кардани пунктҳои табобатии деҳот дар паҳлӯи он барои зиндагии ходимон сохтани хонаву ҷой ва барои занону духтарон бунёд кардани поликлиникаи алоҳидаро таъкид карданд. Дар ҳақиқат, пункти табобатии деҳоти мо қариб ба 23 ҳазор нафар аҳолӣ хизмат мерасонад. Ҳоло духтурони амалиёти умумӣ бисёранд. Вале мутахассисони соҳаҳои махсус намерасанд. Менталитети мардуми мо дигар хел аст. Бинобар ҳамин, барои таъмиру азнавсозии пункт маблағ ҷудо карда шавад ва ба кор гирифтани ин гуна мутахассисон штат диҳанд, корҳои мо боз ҳам хубтар ва самараноктар мегардад.

Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев махсус қайд намуданд, ки ба пойдориву саломатии кӯдакон ва бачаҳо аҳамият дода шавад. Бачаи солим аз модари солим ба дунё меояд. Яъне, мо пеш аз ҳама ба саломатии модарон, духтароне, ки ба воя расида оила бунёд мекунанд ва насли навро ба дунё меоранд, эътибор диҳем. Зеро, мамлакате, ки фарзандонаш сиҳату солим аст, ояндаи бузург дорад.

Дилшода БӮРОНОВА, мудири пункти табобатии деҳоти Даштаки боло

 

 

 

 

 


Дата добавления: 20/01/2017 14:53;   Просмотров: 1551
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку