Мардум бахусус занон, нисбати суманак, ки дар Самарқанди мо сумалак мегӯянд, андешаи аҷиб доранду онро бо мурод, бо орзуҳо пешвоз мегиранд.
Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Оид ба хосиятҳои давоии суманак олимон аз замонҳои хеле қадим маълумот додаанд. Организм дар оғози баҳор аз норасоии витамин ва микроэлементҳо (авитаминоз), ки дар давраи зимистон ба вуҷуд омадааст, азият мекашад. Ва сабаби дастархони наврӯзиро оро додани суманак низ маҳз дар ҷуброн кардани ҳамин талафоти организм аст.
Олимон дар таркиби майсаи гандум 18 аминокислота, витаминҳо (В1, В2, В3, В5, В6, РР, Е, F), микроэлементҳо ва моддаҳои минералӣ (фосфор, калий, магний, сулфур, калсий, хлор, натрий, манган, руҳ, молибден ва ғайра)-ро пайдо кардаанд, ки барои организм ниҳоят зарур мебошанд. Дар таркиби майсаи гандум ҳамчунин витамини С, клетчатка, гемотселлюлоза ва пектинҳо вуҷуд доранд, ки коҳиши онҳо дар организм боиси ихтилоли фаъолияти аъзои гувориш (ҳозима) мегардад. Клетчаткае, ки дар таркиби суманак мавҷуд аст, барои зуд ва пурра ҳазм гаштани ғизо кӯмак мерасонад. Пектинҳо ба микрофлораи рӯда таъсир расонда, токсинҳо, холестерин ва кислотаҳои талхаро аз организм хориҷ мекунанд. Бинобар ин, онҳо барои муолиҷаи дисбактериоз, атеросклероз ва бемории санги талхадон аҳамияти калон доранд.
Истеъмоли суманак барои рафъи фарбеҳӣ ва пешгирии диабети қанд низ муҳим аст. Дар сурати мунтазам истифода намудани суманак иммунитет тақвият ёфта, организм ба таъсироти бемориҳо тобовар мегардад, мубодилаи моддаҳо ба низом омада, фаъолияти дилу рагҳо, силсилаи устухон, асаб, аъзои таносул ва ғадуди сипаршакл беҳтар мешавад. Ба бемориҳои экзема ва реши меъда шифо мебахшад, босираро қавӣ ва сабзиши мӯйро барқарор менамояд, хунро тоза карда, ба ҳосил шудани гемоглобин кӯмак мерасонад, авитаминоз, камхунӣ ва пирии бармаҳалро пешгирӣ мекунад. Олимон дар чунин ақидаанд, ки ба воситаи ғизо ворид намудани суманак баҳри пешгирии амрози саратонӣ, фурӯ нишондани ғалаёни хун, аз организм баровардани холестерин, ҷилавгирии хурӯҷи бемориҳои дил нафъи зиёд дорад. Даври муолиҷа бо суманак 1,5 - 2 моҳ (соле 1 - 2 маротиба: тирамоҳу зимистон) аст.
Таҳияи Б.ҚОДИРОВ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.