Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

СУРУРИ НАВРӮЗ ДАР ҲАР ХОНАДОН

Одатан халқи мо Наврӯзро дар давоми як моҳ ҷашн мегирифт. Ҳар рӯз маросимҳои гуногун гузаронида мешуд. Дар Наврӯз маросимҳои хонабарорӣ, бийи пурӣ, оштикунӣ, устоталбон ва ғайраро мардум бо кайфияти болида ва ихлос иҷро менамуд. Ин маросимҳо хешу табор, ҳамсояву ошноҳоро ба якдигар боз ҳам наздик намуда, меҳру муҳаббат, самимият, қадршиносӣ, ҳамҷиҳатӣ барин хислатҳоро бедор мекард. Оиди ин ва дигар маросимҳо мо бо чанде аз пирони рӯзгордида пурсон шудем.

ҶУФТБАРОРОН
Пардақул ҲОШИМОВ,
деҳқонзодаи асил:
- Деҳқонон то фарорасии ҷашни Наврӯз маросими ҷуфтбаророн барпо мекарданд. Рӯзи аввал деҳқонон дар хонае ҷамъ омада, оши палав пухта мехӯрданд ва аз Қуръони шариф сураҳо тиловат мекарданд ва ба ҳаққи Бобои Деҳқон ва арвоҳи гузаштагон дуою фотиҳа мехонданд. Сипас онҳо ба сари замин рафта, ба шохҳои барзаговҳо равғани зағир мемолиданд ва ба сару бадани говҳо орд мепошиданд, ки рамзи хайру баракат ва фаровонии ҳосилро ифода мекард. Рӯзи аввал каме шудгор мекарданду яке аз муйсафедони калонсолтарини деҳа ба тариқи рамзӣ ва баракаи кор чанд мушт гандум мепошид. Он рӯз бармегаштанду кори асосӣ аз рӯзи дуюм оғоз мешуд.

ФОЛГИРӢ
Мурода ҲАЙДАРОВА,
собиқадори меҳнат:
- Ин маросимро ман аз модаркалонам шунида будам. Дар зарфҳои гуногун 12 навъи ғалладона - гандум, ҷав, нахӯд, мош ва ғайраро месабзонанд. Агар кадоме аз онҳо зудтар сабзад, бовар мекунанд, ки дар ин сол ҳамин навъи ғалладона хуб нашъунамо карда, ҳосили фаровон медиҳад. Инчунин, аз хишт 12 сутун сохта, даруни онро бо хок пур мекарданд ва 12 навъ дон мепошиданд. Аз рӯйи сабзиши онҳо низ пешгӯӣ менамуданд.

ХОНАБАРОРОН
Ҳоҷия Раҷаба
НАРЗИҚУЛОВА, дӯзанда:
- Мардум як ҳафта пеш аз фарорасии Наврӯз кӯрпаву палосҳоро аз хона берун бароварда, хонаро рӯфтаю тоза мекунанд, кӯрпачаю пардаҳоро мешӯянд ва хушбӯӣ мезананд. Тамоми палосу кӯрпаву лавозимоти манзилашонро офтоб медиҳанд. Девору танаи дарахтонро сафед намуда, ҳавлиро тозаву озода месозанд. Дегу зарфҳоро шуста тоза мекунанд. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву иқболи нав аст. Мардум бовар доранд, ки агар соли навро дар хонаи тозаву ороста пешвоз бигирӣ, ҳамон солро бо хушу хурсандӣ мегузаронӣ.

ЧОРШАНБЕСУРӢ
Флора ҶАББОРОВА,
маслиҳатчии маҳаллаи Чоршанбе:
- Мардум дар чоршанбеи охирини пеш аз Наврӯз дар чорроҳае оташ гиронда, хурду калон аз болояш меҷаҳиданд. Мегуфтанд, ки ранги зарди ман ба ту, чобукии ту ба ман. Боз бовар менамуданд, ки касе аз болои оташ ҷаҳад, бегуноҳ мешавад.

ОБРЕЗОН
Саида НАСРИЕВА,
деҳаи Ӯрташиқ:
Мардуми Самарқанди бостонӣ аз рӯди Оби Раҳмат об оварда, шустушӯй мекард. Сардори оила субҳ пеш аз баромадани офтоб ба даст кӯза ё ягон зарф гирифта, об меовард ва шустушӯй менамуд. Гӯё бо ин амал кас бедарду беғам мешавад ва роҳаш сафед мегардад. Аз Оби раҳмат назди дарвозаву остонаашон низ мепошиданд. Аз он об хамир шӯрида, бийи пурӣ (бичаки нахӯдин) мепухтанд.

Дилрабо НАСИМӢ


Дата добавления: 15/03/2019 13:03;   Просмотров: 950
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку