Кашфи асрори маънӣ кори саҳл нест, алалхусус луғоти осори ниёгон, ки тӯли қарнҳо бори маънӣ кашида меоянд. Дар ин ҷода мақому манзалати луғоту фарҳангҳо дар мутолиаи осори баргузидаи ниёгон сарчашмаи боэътимодест. Аз ин лиҳоз кашфи асрори маънӣ кори саҳл нест. Алалхусус, луғоти осори ниёгон, ки тӯли қарнҳо бори маънӣ кашида меояд, дар ин ҷода мақому манзалати луғоту фарҳангро дар мутолиаи осори баргузидаи ниёгон сарчашмаи боэътимодест.
Аз ин лиҳоз ҳини мутолиаи қасидаи машҳури Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ “Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме” ба калимаи хушоҳангу бостонӣ - хинг рӯ омадем, ки диққати моро ба хеш ҷалб намуд ва хостем бидонем, ки дар қаъри баҳри бекарони маънӣ ин вижа чӣ ҷилову тобишҳоро дар худ ниҳон дора два филфавр даст бар фарҳанг задем. Ғайричашмдошт рангорангии тафсири маънӣ моро ба андеша бурд, ки кадоме аз ин саҳеҳу кадоме носозгор аст. Зиёда аз як ҳазору яксаду панҷоҳ сол ин ҷониб вожаи мазкур, яъне хинг дар қасидаи машҳури устод Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ мустаъмал буда, аз қарн ба қарн сайр дорад. Бинобар ин дар аксари луғоту фарҳангҳои пешин ин вожа мавриди баррасӣ қарор дорад. Чунончӣ, дар “Фарҳанги осори Ҷомӣ” “хинг – асп, аспи сафеду хокистарранг” ва “Луғати ашъори Рӯдакӣ” “хинг – аспи сафеди хокистарранг” гуфта шудааст. Ин маънӣ дар луғатҳои дузабона низ тақвият ёфта: “хинг – светлосерой масти, конь серебристой – серой масти” (Таджикско-русский словарь). Пас суоле пеш меояд: Кадом ранг аст: “аспи сафед ё сафеди хокистарранг?” Дар ин ҷода ҳаллу фасли муаммоҳоро аз ашъори шоир бояд ҷуст, зеро ӯ ба ин вожа на як бору ду бор рӯ овардааст.
Пажӯҳишоти махсус равшан сохт, ки вожаи мазкур дар ашъори шоир ба маъниҳои мухталиф корбаст гашта, яъне чӣ ба маънои аслӣ ва чӣ ба маънои маҷозӣ. Аз шарҳи кулли ин маънӣ худдорӣ намуда, иҷмолан ба ду самт – мафҳуми ранг ва асп таваққуф мекунем.
Мушаххасоти маънӣ дар ифодаи ранг маводи дақиқ мехоҳад. Мутаассифона дар фарҳангҳое, ки шарҳи “сафеди хокистарранг” меоянд, бурҳони қотеъ надоранд.
Абдуваҳҳоб ВОҲИДОВ,Устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.