Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ТАНБАЛӢ ХУБ НЕСТ

Дар шумораи 27-28 аз 25-уми июли соли ҷорӣ таҳти сарлавҳаи "Эрка"-ҳои замон ё худ дара задам, девор кафид"-ро хонда, хостам фикри худро баён созам.

Шукри беҳад, ки халқи меҳнатдӯсти Ӯзбекистони азизамон соҳибистиқлол гардид. Агар ҳаёти имрӯзаамонро бо солҳои аввали истиқлол муқоиса намоем, хеле тафовути бузургро дида метавонем. Агар дар солҳои 80-90-и асри гузашта дар ҳар деҳа 2 ё 3 мошини сабукрав бошад, имрӯз ҳар як хонадон соҳиби мошин аст.
Солҳои пеш дар деҳа як ё ду хонадон соҳиби телефон буд. Агар зарурате пайдо шавад, барои гуфтугӯи телефони ба маркази ноҳия меомадем. Шукри замони истиқлол, ки ин суханҳо ба ҷавонон чун афсона менамояд. Некӯаҳволии халқмон рӯз аз рӯз хуб мегардад.
Имрӯз ҷавонони кишварамонро дар тамоми рӯйи дунё дидан мумкин аст. Онҳо барои хондан ё меҳнат дар кишварҳои хориҷ азми сафар доранд. Ин ҳам нишони сулҳу осоиш, дӯстиву тифоқӣ дар мамлакатамон аст.
Аммо аксар оилаҳое ҳастанд, ки моҳияти истиқлолро ҳанӯз ҳам дуруст дарк накардаанд. Аз имкониятҳои истиқлол истифода набурда, ба хайру саховати дигарон умед мебанданд. Аҳливу тифоқӣ, бодавлативу фақирии оила ба зан вобаста аст. Беҳуда бузургон "Сарфагари сари оташдон беҳ аз савдогари Ҳиндустон" нагуфтаанд. Саъдии бузург низ фармуда:
Зани хубу фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшо.
Гузаштагонам давраи сахтиву қаҳтӣ, ҷангу гуруснагиро аз сар гузаронидаанд. Занҳои ботадбир дар равшании моҳ тоқиву дарз дӯхта, бар ивази пули ночизе бори рӯзгор кашидаанд. Ҳоло бошад барои ҳунармандону тадбиркорон дари имкониятҳо боз аст. Бо тани солиму дасту пои равон ҳунар наомӯхта, танбалӣ намудан убол аст.

Абдурасул ИБРОҲИМЗОДА


Дата добавления: 09/08/2019 12:09;   Просмотров: 841
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку