Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Тараддуди зимистонаи деҲҚон

Деҳқони пуртаҷриба Тоҳир Маллаев дар панҷ гектар замини ҳосилхези агрофирмаи "Янгиариқ" хоҷагии фермерии "Саховати Тоҳир Сироҷ"- ро ташкил кардааст.

Ӯ бо камоли мамнуният ба давлат ангуру помидор, пиёзу себ супорида, нақшаи шартномавиро иҷро намудааст. Ҳоло аъзоёни ин хоҷагӣ кундаи токҳоро ба уммеди ҳосили баланд зери хок гирифта, дарахтҳоро шакл медиҳанд. Аллакай замини киштро шудгор карда, барои ҳосили соли оянда ҳозир намудаанд. Барои он ки ниҳолакҳои помидору қаламфур бегона нашаванд, гармхона ташкил намуда, онҳоро мепарваранд.
Дар акс:
Тоҳир Маллаев
ҳамроҳи Асад Ҳазратов ба ниҳолакҳои помидору кабудиҳои дигар ғизои маҳаллӣ медиҳад.

Аксбардор Б.ҚОДИРОВ


Последнее редактирование: 17/12/2018 12:13;   Просмотров: 951
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку