Хат яке аз дастовардҳои бузургу пурарзиши инсоният мебошад, ки дар арзи ҳазорсолаҳо эҳтиёҷи ӯро амалӣ намудааст. Он ғайр аз он, ки талаботи мардумро дар замони макони муайян бароварда бошад, боз барои наслҳои оянда кулли бозёфти ақлонии гузаштагонро чун мерос ҳадя намудааст. Бешак, онро ба сони ноқиле тавсиф намудан мумкин аст, ки наслҳову замонҳоро ба ҳам пайвастааст.
Муҳаққикони таърихи хат бар ин ақидаанд, ки пайдоиши хат ба пайдоиши санъати тасвирӣ ва таъсиси аввалин давлатҳо марбут мебошад. Гумон меравад, ки унсурҳои аввалини хат 10-15 ҳазор сол пеш аз мелод ба вуҷуд омадаанд.
Мардумони форсизабон ҳамчун яке аз халқҳои мутамаддин дорои хат ва алифбоҳои гуногуни расмии давлатӣ буданд. Қадимтарини онҳо хати мехӣ буд, ки хати расмии давлатии Хахоманишиниҳо ба шумор мерафт. Ин расм дар асри 5 - 11 пеш аз мелод ҷорӣ шуда, то истилоҳи Искандари Мақдунӣ давом кардааст.
Хахоманишиниҳо дар асоси хатҳои бобулӣ ва ошурӣ барои худ ин хатро мураттаб намудаанд, ки аз хатҳои зикршуда тавофути зиёд дошт. Дар он 36 аломат мавҷуд буда, аз чап ба рост навишта мешуд. Хати мехӣ ҳиҷоӣ буд, яъне як ҳарф (аломат) 2 овоз - ҳамсадо ва садонокро ифода мекард.
Намунаи аввалини ин хатти қадимиро дар кӯҳи Бесутуни Эрон пайдо намудаанд, ки он бо номи "Катибаи Бесутун" машҳур аст. Матни он аз номи шоҳ Дорои 1 бозгӯ шудааст ва аз корномаҳои шоҳони хахоманишӣ ҳикоят мекунад. Бо омадани юнониҳо ва барҳам хӯрдани давлати Хахоманишиниҳо хатти мехӣ низ аз байн рафт.
Хати авестоӣ барои сабти шакли барқароршудаи китоби муқаддаси зардуштиён "Авесто" дар асрҳои 3-4 дар асоси хати оромӣ тартиб дода шудааст. Дар алифбои авестоӣ 48 аломат мавҷуд буд, ки аз он 14 - тояшро садонокҳо ва 34-тояшро ҳамсадоҳо ва сонандҳо (ҳамсадоҳои бе шавшув) ташкил медоданд. Овози "г" бо ду аломат ифода карда мешуд. Ин хат то имрӯз дар Ҳиндустон аз ҷониби порсиён - тарафдорони дини зардуштӣ истифода мешавад. Хати авестоӣ мисли хатҳои дигари оромиасос аз рост ба чап навишта мешавад.
Хати паҳлавӣ - хати расмии давлатии Сосонилн буд, ки дар асоси хатти оромӣ дар асрҳои 2-3 милодӣ ба вуҷуд омадаст. Ин хат дар аввалҳо аз 14 ҳарф иборат буд ва аксари калимаҳо бо идеограммаҳо ифода карда мешуданд. Азбаски дар давлати Сосониҳо ба масъалаҳои котибӣ ва корҳои идоракунии давлатӣ аҳамияти зиёд медоданд, дар ҳар як соҳаи ҳалти иҷтимоӣ як навъи хат истифода мешуд.
Бо хати паҳлавӣ осори мансуру манзуми таърихӣ, фалсафӣ ва адабӣ, ба монанди "Корномаи Ардашери Бобакон", "Дарахти Асурик ", "Ёдгории Зарирон", "Шатранҷнома ", " Достони Йуишти Фрилн " , "Ёдгории Бузургмеҳр ", "Достони Менуи хирад" бо забони форсии миёна таълиф шудааст, ки то замони мо омада расидаанд ва ба забонҳои гуногуни дунё , аз ҷумла ба забони тоҷикӣ бо хати кириллӣ баргардонда шуда, дастраси умуманд.
Намунаҳои дигари ин хат аз мавзеъҳои гуногуни Эрон ва Миср дар шакли катибаи қабр, навиштаҳои болои сиккаҳо, мӯҳрҳо ва ашёи дигар, санадҳои муомилот дарёфт шудаанд. Баъд аз истилоҳи араб ва суқути давлати Сосониҳо хатти паҳлавӣ ҳам мансух гашт.
Хати суғдӣ яке аз қадимтарин хатҳои мардуми Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, бино ба қавли муҳаққиқин аз хати форсии оромӣ ибтидо гирифтааст. Ин хат ҳам аз чап ба рост навишта шуда, дорои 23 ҳарф ва барои истифодаи садонокҳои дарозу кӯтоҳ аломатҳои алиф, йо ва вов истифода мекарданд. Мардуми суғд якчанд аср баъд аз истилоҳи арабҳо ҳам ин хатро ба кор мебурданд.
Хати монавӣ дар асри 3 мелодӣ аз ҷониби Монӣ (номи аслиаш Крику) дар асоси хатти оромӣ мураттаб карда шудааст. Он аз 22 аломат иборат буд ва аз рост ба чап навишта мешуд.
Монӣ ғайр аз донишманди бузург буданаш инчунин рассоми беҳамтое низ буд. Назар ба маълумоти аҳли таҳқиқ, дар соли 923- и мелодӣ, мутобиқ ба соли 311 ҳиҷрӣ, дар назди дарвозаи Бағдод тасвири чеҳраи Монӣ ва чордаҳ ҷувол китобҳои "аҳли бидъат " -ро, ки аксари онҳо осори ӯ буданд, оташ заданд.
Хати арабӣ шохаи навтарини хатти оромӣ ба шумор меравад, ки аз хати набатӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳамчун аксари хатҳои оромиасос аз рост ба чап навишта мешавад ва аз 28 аломат иборат аст. Дар ин хат садонокҳои кӯтоҳ навишта намешаванд. Барои истифодаи онҳо аломатҳои махсус ба монанди фатҳа ё забар, зер ё касра, пеш ё замма ба кор меравад.
Баъд аз истилоҳи араб ва пойдор гаштани дини мубини ислом мардуми форсинажод хатти арабиро пазируфтанд ва ба он 4 ҳарфи ифодакунандаи овозҳои махсуси забони форсӣ - п, ч, ж, г - ро зам намуданд. То имрӯз хатти арабӣ дар Покистон, Эрону Афғонистон ва тамоми мамолики араб хатти расмии давлатӣ ҳисоб мелбад.
Мардуми мо ин хатро дар тӯли ҳазор сол дар ҳаёти иҷтимоӣ истифода намуд ва тамоми дастовардҳои илмиву фарҳангии худро бо он интишор кард. Соли 1929 бо Қарори махсуси КИМ ва Совети Коммисарони халқи СССР " Дар бораи ба алифбои нави лотинӣ гузаштани халқҳои алифбои арабидоштаи Иттиҳоди Шӯравӣ " баромад ва моҳи августи соли 1930 дар съезди якуми забоншиносон масъалаи ба алифбои лотинӣ гузаштан пурра ҳал гардид. Ин алифбо дорои 31 ҳарф буд ва дар Ӯзбекистону Тоҷикистон то соли 1940 пойдор монд.
Хати русӣ - кириллӣ хати расмии давлати Руссия, ки аз асри 10 ҷорӣ карда шуда буд ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Фарзона ҲАМИДОВА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.