Дар Самарқанд Маркази милливу мадании арабҳо ташкил ёфт. Он зиёда аз 62 ҳазор арабҳои вилоятро дар назди ташкилоти нодавлативу нотиҷоратӣ муттаҳид сохт.
Маркази милливу мадании арабҳо нигоҳ доштани забон, фарҳанг, урфу одат ва ба насли оянда расонидани онҳоро пеши худ мақсад гузоштааст. Омадани арабҳо дар Осиёи Марказӣ ба таърихи дур рафта мерасад. Шояд дар замони хилофати Қусам ибн Аббос - Шоҳи Зинда рост ояд, боз як мақсади Маркази навтаъсис омадани арабҳоро дар Ӯзбекистони кунунӣ омӯхта, маънавият ва маърифати бойи аҷдодони худро ба авлодони имрӯза расонад. Дар ин маврид китобҳо нашр намояд.
Маркази милливу мадании арабҳо аллакай муваффақияти аввали худро соҳиб шуд. Дар озмуне, ки аз тарафи ташкилотҳои нодавлативу нотиҷоратии назди маҷлиси олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Фонди ҷамоатии дастгирии интститутҳои дигари ҷамъияти шаҳрвандӣ бо лоиҳа оиди ба мустаҳкам намудани муҳити дӯстона ва меҳру оқибати байниҳамдигарӣ, тинҷии байни миллатҳо нигаронида шудааст, иштирок карда, гранти 30 миллион сӯминаро ба даст овард. Ҳоло раиси маркази мазкур Хушбахт Худойқулов, ҷонишини раис Абдурасл Иброҳимзода, сарҳисобчӣ Алимардон Пардаев ва фаъолони дигар барои ба мақсадҳои неки худ расидан, заҳмат мекашанд.
- Ҳоло Маркази милливу мадании арабҳо, ки муроди асосиаш мустаҳкам намудани дӯстии байналмилалӣ мебошад, дар бинои кӯҳнаи масҷиди маҳаллаи Бӯзии ноҳияи мо ҷой гирифтааст, - гуфт ҷонишини раиси марказ, омӯзгори собиқадор, шоир Абдурасул Иброҳимзода. - Бояд марказ соҳиби бинои замонавӣ гардад.
Барои амалӣ намудани ниятҳои нек ба арабҳо, ки дар тӯли асрҳо ҳамзабону ҳамқисмати самарқандиён гардидаанд, ба забони тоҷикӣ хонадаву эҷод мекунанд, муваффақият мехоҳем.
Дилрабо НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.