Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ТАЙЁРӢ ДАР АВҶ

Чӣ тавре, ки хонандагони гиромӣ хабардоранд, имсол мактаби рақами 16-и ноҳия 100-солагии худро ҷашн хоҳад гирифт.

Бо ҳамин муносибат дар тантанаи "Занги охир" як гурӯҳ хатмкунандагони таълимгоҳи мазкур ширкат варзиданд. Ҷонишини директор доир ба корҳои маънавият ва маърифат Фарида Аҳмадова ба анҷуман ҳусни ифтитоҳ бахшид.
- Ман ифтихор дорам, ки дар ҳамин мактаб таҳсил гирифтам,- баён кард доктори фанҳои физика-математика, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Аҳмадҷон Солеев, - барои ба фанни риёзӣ дил бастанам хизмати устодонам С.Нарзиев, И.Ғиёсов, Ӯ.Раззоқов ва дигарон бисёр аст. Ҳоло 50 нусха китобҳои гуногуни илмию бадеиро тӯҳфа овардаам. Хабари дар мактаб бунёд намудани хонаи маърифат - китобхонаро шунида, шод гаштам. Ман қариб 5 ҳазор нусха асарҳои гуногуни тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ дорам, ки як қисми онро ба китобхонаи навбунёди мактаб тақдим хоҳам кард.
- Дар шаҳри Торантои Канада бо фаъолияти педагогӣ машғулам, - гуфт олими ҷавон Ҳасан Шодиев, - таҷлили садсолагии мактабамро шунида омадам. Ба тӯй бо тӯёна омадан ба халқи мо анъана аст. Бинобар ҳамин компютери замонавиро ҳамчун тӯёна пешкаш намудам. Боз ёрии моддии худро мерасонам.
- Гарчанд дар Амрико зиндагӣ мекунам, аммо аз навидҳои Самарқанд огоҳ ҳастам, - аз минбар истода гуфт собиқ шогирд ва муаллими мактаб Маликхон Хоҷаев, - фарзандони ман низ дар ҳамин мактаб таҳсил гирифтанд. Бо тақозои касб дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон сафар кардам. Зеро забондонӣ - ҷаҳондонӣ будааст. Ман мехоҳам, ки ҳама забондон шаванд, оламу одамро бинанд.
Инчунин, шогирд ва шоири куҳансол Ҳусейн Рашидӣ, собиқадори таълими халқӣ Абдурафиқ Маъруфӣ, адиб ва рӯзноманигор Мирсафо Камолӣ, полковники мустаъфӣ Шодмон Азизов, фаъоли деҳаи Хаймар Раҳмонқул Ҳамроқулов ва дигарон ба сухан баромада, китобу тӯҳфаҳои худро пешкаш намуданд.
- Дар оғози соли хониши нав 100-солагии мактаб бо шукӯҳи хос гузаронида мешавад, - ҷамъомадро ҷамъбаст намуд раиси кумитаи ташкилии тадорук Нормурод Каримзода, - то он рӯз китобхона бояд қад афрохта, ба истифода супурда шавад. Ҳокими ноҳия сад миллион сӯм ба суратҳисоби мактаб ирсол менамояд. Акнун ҳар яки мо барои сохтмон саҳмгузор бошем. Зеро дониш аз хониш аст. Ҳоло бо шиори "Хонаи маърифат - ба ҷашни садсолагӣ" бояд кор барем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА


Дата добавления: 31/05/2019 16:49;   Просмотров: 899
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку