Фарзанди фарзонаи Оҳалик, номзади фанҳои биологӣ, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Иброҳим Ҷабборов пас аз 24 сол шиносномаи ҷумҳуриятамонро гирифта, шаҳрванди ҳақиқии кишварамон гардид.
Дар шаҳраки Гулобод ба муносибати иди 1-уми октябр - Рӯзи муаллимон ва мураббиён як гурӯҳ меҳмонон ба ноҳияи мо ташриф фармуданд. Сарвари гурӯҳ, корманди масъули Девони вазирон, адиби маъруф Уйғун Рӯзиев ҳозиронро бо иди хосса табрик гуфта, оиди сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Президенти мамлакат ҳарф зад.
Сипас, мудири шӯъбаи ба қайдгирии ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) Шоҳида Саъдуллоева ба як гурӯҳ модарони ҷавон гувоҳнома доир ба таваллуди фарзандонашонро супурд.
Сокини деҳаи хушҳавои Оҳалик Иброҳим Ҷабборов бошад, аз дасти сардори шӯъбаи мизи шиноснома (паспорт)Шерзод Ҳоҷиметов ҳуҷҷати асосии давлатамонро гирифт.
- Ман ин лаҳзаи ҳаяҷонбахшро қариб чоряк аср интизорӣ кашидам, - гуфт Иброҳим Ҷабборов, - акнун ман шаҳрванди комилҳуқуқи Ӯзбекистон ҳастам. Минбаъд бо сари баланд дар маъракаҳои интихобот иштирок хоҳам кард. Ва аз имконияти хушбахтона истифода бурда, ба Презденти мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев миннатдории самимона изҳор мекунам. Шиноснома барои мани омӯзгор тӯҳфаи арзанда аст.
Баҳодур ЗОҲИР
Аксбардор Бекзод ҚОДИРОВ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.