Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ТИНАТАШ ЧУН ҶОМААШ ПОКУ ҲАРИР

Ба Истиқлол расидани мамлакат зери сиёсати хирадмандонаи Президенти Аввалини мамлакатамон Ислом Каримов (Руҳашон шод бод!) ба ободии масҷиду мадрасаҳо, қадамҷойҳои таърихӣ, зинда намудани номи алломаву бузургони замина пайдо кард.

Барҳақ, солҳои рукуди Шӯравӣ масҷиду мадрасаҳо хор гашта, вазифаи анборхонаву партовгоҳҳоро иҷро мекард. Халқи намозхон ба назди масҷид рафта наметавонист, метарсид. Намозашро пинҳонӣ дар хона мехонд.
Дар маҳаллаи Равонак масҷиди қадимаро, ки дар солҳои ҳукумати Шӯравӣ магазин ва амборхонаи Ҷамъияти матлуботи Равонак буд, барҳам дода, ба тариқи ҳашар масҷидро таъмири капиталӣ намуданд. Одамони саховатпеша, халқи маҳалла фаъол иштирок намуданд. Маскани маънавият ва маърифат гардид. Нурониён дар он ҷой дам гирифта, сӯҳбатҳои дӯстона барпо мекунанд ва дар ҳаққи Президент дуоҳо мехонанд...
Соли 1997 шахси саховатпешаву савобталаб Акрамака Икромов барои халқи Равонаку атрофи он аз кӯчаҳои марказӣ 300 метр дарунтар сохтмони бинои масҷиди навро сар кард. Халқ ӯро тарафдорӣ кард. Бинои зебое қад афрохт. Дар як тараф сарҳавз ташкил намуданд. Ҳавлии масҷид обод, атрофаш маҳкам гардид. Мутахассисон, роҳбарони ҳокимияту идораҳои динӣ дида баромада, аз соли 2004 онро ҳамчун масҷиди ҷомеъ маъқул дониста, ба намози ҷумъа хондан рухсат доданд.
Соли 2008 Абдуҳалим Муҳиддинов имом-хатиби масҷид таъин гардид. Ӯ то имрӯз ин вазифаро адо мекунад.
Бо талабу дархости халқ аз соли 2009 фарзанди солеҳи маҳаллаи Равонак , дорои хулқу атвори нек, дониши мукаммал ва овози хуш Бахтиёр Насруллоев ҳамчун муовини имом-хатиб кор сар кард. Ӯ дар ҳамаи корҳои масҷиду маҳалла фаъол иштирок мекунад. Бахтиёр чанд сол аст, ки раиси комиссияи оштикунони Шӯрои шаҳрвандони деҳоти Қӯлбаи поён ва маҳаллаи Равонакро бар ӯҳда дорад. Дар як худи ҳашт моҳи Соли мулоқот бо халқ ва манфиатҳои инсон 6-то оилаи ҷанҷолии ҷудошударо оштӣ кунонида, якҷоя кард. Ба маҳаллаҳо коллеҷ, мактабу боғчаҳои бачагон бо навбат аз рӯйи Барномаи махсус оиди одобу ахлоқ, меҳру мурувват ва дигар хислатҳои одамӣ маърӯзаву тавсияҳо пешниҳод менамояд. Инчунин, баромадҳои ӯ доир ба покиза нигоҳ доштани дини мубини Ислом, пешгирии майли ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремизми динӣ ва ақидапарастӣ, хиёнат ба ватан-модар басо таъсирнок аст. Аз ҷониби Бахтиёр Насруллоев ба оилаҳои ҷавон ҳангоми никоҳ маслиҳатҳои нек дода мешавад.
Ин ҷавони болаёқат ҳануз дар наврасӣ аз муллоҳои деҳа Низом Наҷмиддинов, Иброҳим Зубайдуллоев илми дин омӯхта, шогирди уламои дин дар мадрасаи Хоҷа Аҳрори Валӣ гардидааст. Бахтиёр факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм намуда, ҳоло равишомӯзи бахши аввали магистратураи донишгоҳ мебошад. Бо вуҷуди донишандӯзӣ ва серкорӣ барои ободии масҷиди нав Равонак ҳиссаи босазо мегузорад. Аз ин рӯ, масҷид ба диплому ифтихорномаҳои Идораи мусулмонони вилоят тақдир гаштааст. Бояд гуфт, ки ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар тинати Бахтиёр Насруллоев бо тарбияи модари муаллимааш Иқбол Насимова, ки қариб чил сол дар мактаби рақами 40 омӯзгорӣ намудааст, ҷой гирифтааст. Ҳоло Бахтиёр сарвари оилаи намунавист. Бо ҳамсараш Зилола Ҳайдарова се нафар фарзанд – Азизҷон, Меҳронҷон ва Фарзонабонуро ба камол мерасонанд.
Барҳақ, тинати Бахтиёр Насруллоев чун ҷомааш поку ҳарир аст.

Раҳматилло ШАРИФЗОДА


Дата добавления: 22/09/2017 16:12;   Просмотров: 1263
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку