манбаи обрӯй мегардад?!
Шояд мавзӯи тӯй, тӯйдор ва тӯйхӯр, маъракаороӣ дар ҷашнвораву азо забонзада шуда бошад. Зеро аз оғози солҳои 20-уми қарни гузашта, аз замоне, ки дар маъракаороии мо сохти нави тӯйгузаронии ба ном “тӯйи сурх” дохил шуд, аз боби навигариҳои берабту бемаъно, исрофкориҳо дар ин соҳа шиква менамоем.
Ҳазрати Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ низ аз аввалинҳо шуда, аз исрофкориҳои барзиёди тӯйдорӣ ва гузаронидани маъракаҳои бодабдабаи азову мотам бонги изтироб зада буд. “Халқи меҳнаткаш кай бедор мешавад. Кай аз хараҷоти зиёди маъракаороӣ даст кашида, фарзандони худро ба сӯи илму маърифат ва саводнокӣ раҳнамо мегардад?!”, нидо карда буд аллома Беҳбудӣ.
Ба қарибӣ, аниқтараш 3-юми августи соли ҷорӣ аз тариқи видеоселектор суханронии Президенти мамлакатамон Ш.Мирзиёевро дар ҷамъомади ҳукумати шаҳри Тошканд шунида, бори дигар амин гардидам, ки ин мавзӯъ кӯҳна намегардад, ҳаргиз забонзад нест, балки бо “ҷило”-ву “ҳусн”-ҳои нав ба наваш пайдо мешавад.
Пештар аз ҷониби арӯсшаванда ба домодшаванда дар як ҷомадон либос ва савғотӣ фиристода мешуд. Онро ҳам йигитҳои баор дер гоҳ ба бар наменамуданд, оҳиста-оҳиста, бо гузашти айём дар қатори либосҳои худ мепӯшиданд. Сонитар он якбора ба сандуқ табдил ёфт. Акнун ду сандуқ ҳам камӣ мекунад. Яъне мебел - дивани дуҷогоҳина бо шкафу ҷевони оинабандаш тӯҳфаи “оддияки” ҷониби келиншаванда ба домод мешавад. Аҷиб, падари духтар барои домодаш хобгоҳи маҳрамона тӯҳфа месозад, калиди хонаву мошин мебахшад. Куҷо шуд номусу ор? Куҷо рафтанд ҷавонони боғуруру боифтихор?! Чунон боноз шудаанд, ки акнун нозу нузи онҳоро кӯрпачаи миллӣ бардошта наметавонад! Дивану креслои хориҷӣ лозим шуда монд.
Ҳоло низ маҳаллаҳое ҳастанд, ки ҳолати қабристонашон изтиробангез аст. Солҳо фарзанду набера аз ҳоли гӯри волидони худ огоҳ нест. Баъзеҳо ҳатто онро ёфта ҳам наметавонанд. Рӯҳи падару бобо, модару бибиашон кайҳо дар қатори “умедворони фотеҳа” даромадааст. Вале чунон маъракаҳои пурхарҷи хатму ифтор мегузаронанд, ки савобаш на ба Худо маълум асту на ба банда аён.
Он маъракаеро, ки духтарамонро аз хонаи падараш бо садои доираву сурнай мебаранд, тӯйи иҷоб мегӯянд. Яъне маъракаи иҷобати дуоҳо. Онро ҳам ба тантанаи пурхӯрӣ табдил додаем. Аз саҳар то омадани қудоҳо бо кабобу шароб, яхниву мурғбирён, дар охир палав меҳмондорӣ мекунем. Дастаи санъаткорон мехонанду менавозанд, раққосаашон бо пулчинӣ машғул. Магар бечора соҳиби духтар ҳамаи инро бо ихтиёри худ мекунад. Не, ба ҳамсоя, ба атроф назар карда, «ман ё духтари ман аз онҳо кам не!» гӯён бо қарзу қавола маъракаороӣ мекунад. Сар равад ҳам, сир наравад гӯён, ҳаракат менамояд. Чунин ҳолат ҳам шуд, ки пас аз шаш моҳи арӯсии духтар падар сари худро ба дор овехт, зеро қарздиҳанда пули худро пурсида, аз зиндагӣ безораш кард.
Охир, маъракаҳои оши хайру фотеҳатӯй, самбӯсахӯрону мебелхарӣ ва оро додани хонаву даҳлез ва айвони оинабанди домодшаванда падари духтарро то лаби ҷари ҳалокат мебарад, боз харҷи бемаънии тӯйи иҷоб зиёдатӣ нест?!
Хулоса, акнун вақте расид, ки ба сари андешаи беҳгардонии тӯю маъракаҳо бошем. Президент ва ҳукумати Ӯзбекистон ва идораву ташкилотҳои масъул акнун намегузоранд, ки маъракаву тӯй манбаи обрӯй гардад.
Зокирҷон ДАВРОНОВ, ҷонишини раиси
Бунёди хайриявии “Маҳалла”-и ноҳия
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.