Имрӯзҳо майдони холишудаи ғалла кишт гардида, барои гирифтани ҳосили дуввум деҳқонони пуртаҷриба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Имсол бо тавсияи роҳбарони ҳукумат қисми зиёди ғаллазори киштгардида барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷи зиндагии оилаҳои камбизоат, бекормондагон, ба онҳо дар ҳаҷми 20-50 холӣ замини кишт ҷудо карда шуд. Дар он асосан картошка, бодиринг, сабзӣ барин сабзавоте, ки тирамоҳ ба ҳосил мерасад, корида шуд. Агар фермерон аҳолиро бо замин таъмин гардонанд, сарварони маҳаллаҳо иштироки фаъолонаи эҳтиёҷмандонро ба назорат мегиранд.
Дар акс: дар қитъаҳои замини ҷудошудаи хоҷагиҳои фермерии «Баротбобо», «Маъруф Рофеев», «Ҳамроқул Мирзоев», «НК Мрамор» ва ғайра кишти сабзавот идома дорад.
Аксбардор Лоиқ ҲАМИДЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.