Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ТРАКТОР ҲАМ ТАНК БАРИН МЕГАШТ...

Шамсибобо фарзанди калонии Қурбонбобои гулбоғист. Шукр, синнаш ба зинаи садуми умр мерасаду ҳоло бардаму солим аст. Охир, ӯ соли 1922 таваллуд ёфтааст.

- Ин қадар рост гаштанҳои мо ҳама аз ростгуфториву рострафторист.- хандон ҷавоб медиҳад ӯ ба атрофиёнаш, ки аз вай сирри солимии доимиро пурсон мешаванд.
Шамсибобо Қурбонов дили беғуборе дорад. Ҳасаду ғайбат ва ҷаҳлу ситеза ба ӯ бегона. Ӯ дар гӯш дастгоҳи баландсадое ниҳода, ҳар замон-ҳар замон ба қавли худаш қофияву радифи овозро дуруст мекунад.
Баъзан мешавад, ки фарзанду наберагонаш ба ӯ гӯиё раҳмдилӣ карда, чунин пешниҳод мекунанд:
- Бобо, агар розӣ бошед, гӯшатонро ҷарроҳӣ мекардем, сонӣ хубтар мешунидед.
- Не-е, ҳеҷ чиз лозим нест, баръакс, нағз шуд, ки овози пастро он қадар нағз намешунавам. Одатан ҳасаду ғайбатро ҳамин хел оҳиста-оҳиста гап мезананд. Ман ба гапу кори кас коре надорам. Дуо мекунам, ки ҳамаро давлаташ зиёда бошаду Худо инсофашро диҳад.
Ҳамин хел инсони покдилу меҳнатқарин аст Шамсибобои мо. Дили поку беолоиши ӯ ҳанӯз айёми бачагиаш, ки дар дашту кӯҳсори Оҳалику Илонсой, Ингичкаву Оқбӯрё гузаштааст, ҳосил шудааст. Ӯ ҳамроҳи падараш чорвои калони хоҷагӣ ва мардуми атрофро мечаронд. Аз падар қиссаҳои зиёди пандомӯзро шунида, бо нони гарми меҳнатии модари муштипараш Тошбибӣ Умурова камол ёфт. Он солҳо соҳиби як бурда нон ё пораи гӯшт шудан осон набуд. Мардум ҳама қаноатпеша буданд. Ба будаш шукрона мегуфтанду дастнорасашро аз худо мепурсиданд. Худоҷӯиҳояшон ҳам дарунӣ буд. Зеро ман фарзанди мусулмон гуфтан кори осон набуд. Вале мардум дар ҳама радду бадали зиндагӣ аз раъяш нагашт. Дину имонашро нафурӯхт. Масҷидҳо ба амбори захираи ҷаву гандум табдил ёфта буд. Шамсибобо дар ҳамин хел вазъияти басо душвор мактаби ҳанӯз навкушодашудаи рақами 17-ро тамом кард. Ӯ ҳанӯз муаллимони аввалини мактаби Қалъабоғ, ки аз се синфхона ва як айвонча иборат буд ва Ҷаъфархон Ҳодизода, Сайфиддин Нарзиев, Расулӣ ва дигаронро хуб дар ёд дорад. Бача буду бо чашмони худ назорати мактабҳоро аз ҷониби аллома Садриддин Айнӣ бо чашми худ медид. Барои ҳамин меҳрубониҳояш сонитар аҳли деҳа номи мактаби Гулбоғро ба номи Садриддин Айнӣ гузошта буданд. Шамсибобо пас аз таълими нопурраи мактаби рақами 17 курси ронандагиро хонд. Дар он ҷо аз сирри мошину тракторронӣ хуб огоҳ шуд. Солҳои вазнини ҷангӣ, ки буданд, атрофиён ӯро гӯё тарсониданӣ шуда, мегуфтанд:
- Шамсиддин, трактора, ки ҳай карда тавонистӣ, туро ба ҷанг мебаранд ва танксавор мешавӣ...
Ӯ ҷавонмарди тану тӯшдор буд ва аз чизе ҳарос надошт. Баракс мегуфт, ки ҷои мардон бояд дар майдон бошад. Ӯ ба ҷанг нарафта бошад ҳам, дар киштзорони оқиби ҷанггоҳ ҳам бо каланду ҳам бо техника аз субҳ то дили шаб кор мекард. Барои ривоҷу равнақ ва обёрии собиқ хоҷагии ҷамоатии ба номи В.В.Куйбишев ("Самарқанд") ҳиссагузор шуд. Солҳои дароз сардори бригадаи пешқадамтарини хоҷагӣ буд. Чун ба нафақа баромад, бо насоси обёрии киштзорони Гулбоғ, ки дар баландӣ ҷой дошт, шодоб мегардонид. Умре дуои халқро гирифту худ дуогӯй гардид.
Шаҳписаронаш Фазлиддину Савриддин ҳам дар соҳаи тракторчигӣ пайрави падар гардидаанд. Набераҳо низ бо таъмири мошину тракторҳо сару кор доранд. Таассуфовар аст, ки ҳамсари ӯ Меҳрӣ Қурбонова, ки гулдухтару келинҳояшро ба пазандагиву дӯзандагӣ коромӯзӣ намуда буд, бармаҳал аз олам гузашт. Аз ин рӯ, то ҳол Шамсибобо қасди зиндагиашро аз меҳнат дармеёбад. Имрӯзҳо ӯро бо рӯзи Хотира ва қадршиносӣ, ки барои ба чунин рӯзи нек расидан хидмати вай низ бузург аст, атрофиён муборакбод мегӯянд.
- Бачеком, ҳамин мо даруни ҷангро надидем, лекин азобу уқубату машаққати он, ҷудоиҳо, қаҳтиву қиматии он замонро дидаем. Илоҳӣ дигар фарзанди инсон он рӯзҳоро набинад. Танк наронда бошем ҳам, тракторро чун танк ғуррондаем.-мегӯяд ӯ.

Озод ҲАМИДЗОДА,
деҳаи Гулбоғ


Последнее редактирование: 03/05/2019 14:21;   Просмотров: 1038
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку