Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ТУРФА ШОГИРДЕ, КИ ДАР ҲАЙРАТ ГУЗОШТ УСТОДРО

ё худ маҳорати муаллим

Мансурҷон Норов марди бис-ёрҳунара аст. Аксар ӯро ҳамчун мутахассиси фанни физика донанд, бархе эътироф менамоянд, ки ӯ боғбони асил мебошад. Бисёриҳо мафтуну шайдои овози фораму торнавозиаш ҳастанд. Аксар ба дастони ҳунармандиаш аҳсанд мехонанд. Хуллас, омӯзгори фанни таълими меҳнати мактаби таълими умумии рақами 39-и ноҳия Мансурҷон Норов ба мақоли “ба як мард чил ҳанар кам” амал намуда, ҳунарҳои гуногунро аз худ намудааст. Ин ҷо Мансурҷон Норовро таъриф карданӣ нестем, ё худ дар бораи адабиётдӯстиву шеърдӯстиаш ҳам ҳарф заданӣ нестем. Қаҳрамони мо боз бо ҷиҳати дигари истеъдодаш ҳамаро қоил намуд.

Мансурҷон Норов соли 2013 ҳамчун омӯзгори фани таълими меҳнати мактаби таълими умумии рақами 39 ба кор омад. Аксар омӯзгорону хонандагон ба дарси меҳнат сабукборона менигаристанд. Вай дар муддати кӯтоҳ ба дили хонандагон нисбати ҳунарҳои миллӣ меҳр бедор кард. Аввал аз хона тахтаҳои майдаю асбобҳои меҳнатиро бурда, ба бачаҳо сохтани тахтачаи сабзирезакуниро ёд дод. Онҳо чизи сохтаашонро ба падару модарашон нишон дода, таъриф шуниданд. Шавқашон ба дарси меҳнат афзуд. Ин дафъа ҳар кадоме аз шогирдон тахтачаҳои хурду фанерпора оварданд, то ки аз устоди хушгуфторашон сохтани ягон чизро омӯзанд. Сохтани хонача барои паррадаҳо, сандалӣ, курсича ва ғайра ба бачаҳо завқ бахшид.

Ғайрату шуҷоати Мансурҷон Норовро дида, директори мактаб Адаш Ҷалолов ва мудири қисми илмӣ Гулнора Маҳмудова барояш шароит фароҳам оварданд. Бо кӯшишу дастгирии онҳо дар мактаб маҳфили “Ҳунармандони ҷавон” ба фаъолият оғоз кард. Дар маҳфил шогирдон аз Мансурҷон Норов кандакорӣ, кулолӣ, оҳангарӣ барин ҳунарҳоро омӯхтанд.

Ҷонибек бачаи хеле шӯх буд. Дар дарси меҳнат аз пластилин шакли ҳар гуна ҳайвонҳоро сохта, бо ҳамсинфонаш ҳазл менамуд. Рӯзе Мансурҷон Норов дар рӯйи партаи Ҷонибек шакли ҳайвони аҷибро дид. Сари он ба шакли одам монанд буду танаш ба асп. Муаллим пай бурд, ки Ҷонибек соҳиби тахайюли бузург аст. Агар дар дасти мутахассиси соҳа тарбия ёбад, кулоли хуб хоҳад шуд. Мансурҷон Норов бо шогирди шӯху бебокаш дар алоҳидагӣ корбарӣ кард. Ҳамроҳ ба тамошои кори кулолони Самарқанд бурд. Кори ҳунармандии устои кулоли воқеъ дар шафати зиёратгоҳи Хоҷа Дониёр диққати Ҷонибекро ба худ ҷалб кард. Мансурҷон Норов аз ҳунарманди гилкор хоҳиш намуд, ки ба Ҷонибек асрори кулолиро омӯзад…

Мансурҷон Норов ба дили шогирдон роҳ ёфт. Барои кашфи истеъдоди онҳо кӯшид. Соли 2015 Ҷонибек Шокиров дар озмунҳои ноҳиявию вилоятии “Ситораҳои рангинкамон” (“Камалак юлдузлари”) ҷойи аввалро ишғол намуда, дар озмуни ҷумҳуриятӣ фаъолона иштирок кард.

Соли 2016 дар озмуни ҷумҳуриятии бачаҳои соҳибистеъдод воқеаи ҳайратомез рух дод. Якбора ду шогирди Мансурҷон Норов дар самти кандакорӣ ғолибиро ба даст овард. Санҷар Маҷидов ҷойи аввалро ишғол карду Ансор Бахтиёров бошад, ҷойи сеюмро. Дар озмуни кулолон Ҷонибек Шокиров ғолиб гардид.

Дар ҷараёни озмун намоиши кори бачаҳои ҳунарманд ташкил гардид. Вакилони Вазорати таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон кори ҳар бачаро бодиққат аз назар гузарониданд. Онҳо назди корҳои кулолии Ҷонибек муддате нигариста пурсиданд, ки оё ҳамаи инро худаш сохтааст. Дар озмун Ҷонибек ҳамроҳ лойи махсус низ бурда буд. Зуд ба сохтани шакли пирамард пардохт. Нозирон бо ҳайрату меҳр ба ҳаракати дастони Ҷонибек менигарис-танд. Дар пеши назари ҳакамон асари санъат офарида шуд. Ҳама қарсак зада, устоду шогирдро ҷонибдорӣ карданд. Иноятов дасти Мансурҷон Норовро фишурда, табрик гуфт. Таъкид намуд, ки ин гуна омӯзгорон ба унвонҳои баланд лоиқанд.

Ба истиқболи Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Мансурҷон Норов бо нишони сарисинагии “Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон” тақдир гашт. Баъзан ҳамкасбонаш ҳазломез мегӯянд:

- Муаллим, қанд занед-е, дар соҳаи таълим се сол кор карда, аълочии таълим шудед. Ба мо ҳам сирашро гӯед. Чӣ тавр бачаҳоро ба худ ҷалб мекунед?

- Ҳамаи бачаҳо соҳиби истеъдоданд, - мегӯяд Мансурҷон Норов, - Кашфи он ба муаллим вобаста аст. Муаллим бояд ба дили ҳар шогирд даст андозад ва ҳамеша дар ҳаракат бояд бошад. Он гоҳ дарси вай хонандагонро чун оҳанрабо ба худ ҷалб месозад.

Мансурҷон Норов кори омӯзгорро ба деҳқонӣ монанд мекунад. Деҳқон низ бо сабру таҳаммул замин кишт карда, тухмӣ мекорад ва мунтазири ҳосил мешавад. Ба замин чӣ қадар меҳр монда, нигоҳубин кунад, ҳосили дилхоҳ ба даст меорад. Натиҷаи меҳнати муаллим бошад, муваффақияти шогирдон аст.

Дилрабо ҒАФФОРДУХТ

 


Дата добавления: 20/01/2017 15:04;   Просмотров: 1961
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку