дуо доранд мардуми маҳаллаи Даштиобод
Маҳаллаи Даштиобод, ки пештар номи Дашти сӯхтаро дошт, дар фарози наҳри Дарғам ҷой гирифтааст, аз он, ки дар баландист, масъалаи обёрии кишту боғистони деҳа аз азал муаммо буд. Мардум бо чархфалаки обгардонӣ обёрӣ менамуданд. Сонитар пас аз кофта шудани Ҷӯйи шаҳр мардум аз Ҳазормех об мегирифтагӣ шуд. Агар масъалаи обёрии замини кишт ҳал шуда бошад, муаммои оби нӯшокӣ қисми асосии мардумро азият медод. Зеро чанд сол боз насос - манораи обкашии маҳалла вайрон гардида буд. Ин масъала пас аз муроҷиати мардум ба ҳокими ноҳия Носирҷон Мавлонов ҳалли худро ёфт. Акнун қариб 150 хонавода боз бо оби ошомидании беминнат таъмин гардид. Об - рӯшноист. Касе ки барои расонидани оби ошомиданӣ ба ташналабон хизмат мекунад, савоби бузургро мегирад. Ҳокими ноҳия баробари мардумро бо оби нӯшокӣ таъмин гардонидан, боз барои бунёди маркази маҳалла хизмати босазо намуд, ки халқи Даштиобод сипосгузор аст. Боварӣ дорем, ки маҳз бо раҳнамоии ҳокими ноҳия ва ташаббуси ҳомиён роҳҳои Даштиобод низ рӯй ба ободӣ мениҳад.
Бурҳон РАҲМОНОВ,
раиси маҳаллаи Даштиобод
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.