Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲУНАР ДАВЛАТИ БЕПОЁН

Дар асри 21-ум шумораи нақлиёт бо суръат афзуда, эҳтиёҷ ба таъмиру тармими он низ калон аст. Бинобар ҳамин ҳоло шумораи нуқати таъмири мошинҳо меафзояд. Аммо аз ҳунарманд то ҳунарманд тафовут дорад. Шояд аз ҳамин сабаб ронандагон устоди соҳибтаҷрибаро ҷустуҷӯ мекунанд.

Яке аз устоҳои ботаҷрибаи номдор Дилшод Ғаффоров мебошад, ки бо тадбиркории хусусӣ машғул шуда, ба мардум хизмати босифат мерасонад. Ӯ баробари аз паси ҳунари худ бой гардондани буҷети оилавӣ, ба ҷавонон низ асрори касбро меомӯзонад. Аз ҷумла Сӯҳроб Ҳамроқулов, Беҳзод Болтаев ва дигарон ба ӯ ҳаққи шогирдӣ доранд.

– Акнун ба маънои мақоли «Ҳунар - давлати поянда» сарфаҳм меравам, ки дар хурдсолиам ин ибораро калонсолону устодонам бисёр такрор мекарданд,-гуфт ҳангоми сӯҳбат Дилшод Ғаффоров. -Чунки агар кас соҳибҳунар бошад ҳам, оилаашро таъмин мекардаасту ҳам ба ҳурмату эҳтироми мардум сазовор мегаштааст. Ман инро ҳангоми фаъолият хубтар дарк кардам. Бинобар ин, кӯшиш дорам, ки ҳунарамро сайқал дода, ба шогирдони худ омӯзонам.

ДАР АКС: Дилшод Ғаффоров ҳангоми таъмири нақлиёт.

Матн ва сурати Баҳодури ЗОҲИР


Дата добавления: 17/03/2017 16:54;   Просмотров: 1604
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку