Бо мақсади таъмини иҷрои ғояи панҷ ташаббуси аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳодшуда, пурмазмун гузаронидани мавсими тобистона ва омӯзонидани касбу ҳунар ба хонандагон машғулоти маҳфилҳои Мактаби бачагон - "Баркамол авлод"-и ноҳия ба тарзи онлайн мегузарад.
Директори мактаб Заррина Холмирзоева ва ҷонишини директор Зилола Абдусаломова ба воситаи барномаи ZOOM бо ҷамоа дар тамос шуда, аз навигариҳои соҳа хабардор мекунанд, ба кадрҳои ҷавон маслиҳатҳо медиҳанд.
Ба маҳфилҳои "Сабақҳои компютер" (Умеда Сиддиқова), "Дастони моҳир" (Фарида Музаффарова), "Бофандагӣ" (Гулшан Ашӯрова), "Говорим по-русски" (Шоҳсанам Валиева), "Зардӯзӣ" (Манзура Каримова, Гавҳар Халилова), "БТМ" (Мадина Маъмурова), "Дӯзандагӣ" (Дилдора Меликова), "Дурадгорӣ" (Самеъҷон Нарзиқулов), "Кандакорӣ" Мансур Норов, "Техникони наврас" (Фарзод Рустамов), "Пазандагӣ" (Раҳимабону Фахриддинова), "Экодизайн" (Фирӯза Шамсиева), "Ментал арифметика" (Зилола Аслиддинова) ва ғайра шавқи хонандагон зиёд аст. Машғулот ба воситаи канали телеграммӣ ва дигар сайтҳо пешкаши хонандагон гардонида мешавад.
Инчунин, шогирдони мактаб дар озмунҳои масофавӣ иштирок намуда, ғолибиро ба даст оварданд.
Ба машғулотҳои ойлайнӣ, ки аз рӯйи ҷадвали муайян дар самтҳои "Эҷодиёти бадеӣ", "Эҷодиёти техникӣ" ва "Экология ва кишваршиносӣ" мегузаранд, на танҳо хонандагон, балки падару модарон низ шавқмандӣ зоҳир мекунанд. Мақсади мо низ пурмазмун гузаронидани вақти хонандагон аст.
Умеда СИДДИҚОВА,
методисти Мактаби
бачагон - "Баркамол авлод"
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.