Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҚУРБОН - ИДИ МУҚАДДАС

Дар олами Ислом дуввумин ҷашнвораи бузургу таърихӣ иди Қурбон аст. Мусулмонони ҷаҳон ин рӯзи саидро бо тайёриву пазмониҳои зиёд истиқбол мегиранд. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо низ иди мазкур дар ҳар як оилаву маҳалла бо шодмонӣ қайд карда мешавад. Дар сари қабри хешовандон оятҳои раббонӣ хонда, рӯҳи поки гузаштагонро шод мекунанд, ба аёдати беморону дилёбии одамони камбизоат мераванд, корҳои хайру савоб, ободонии гирду атроф ҷомаи амал мепӯшанд.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар тамоми масҷидҳои ҷомеъи ноҳияи мо низ иди муқаддаси Қурбон бо шукӯҳу таровати беназир пешвоз гирифта шуд. Мувофиқи супроришҳои мушаххас ва назорати ҷиддии ҳокими ноҳия Шӯҳрат Ҷамолов ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ тамоми чораҳои зарурии ташкиливу тарғиботиро ба иҷро расониданд.
Баъди анҷоми амри маъруф ва амалҳои намози ид хурду калон ба сайри умумихалқӣ баромадаанд. Чеҳраҳои шоду хандон, самимият ва муборакбодӣ, кайфияти идонаи мардум аз тинҷиву хотирҷамъӣ, хушбахтиву худшиносии онҳо дарак медод.
Инак, суханони мусоҳиби мо, пири равшандили 82-сола Асрор НАРЗУЛЛОЕВ мавриди мутолиаи шумост:
- Падари раҳматиам (ҷояшон дар ҷаннат бод!) Нарзулло Шарофов дар 83-солагӣ ин дунёи равшанро тарк намуданд. Марди хушсаводу маърифатдӯст буданд. Қиссаҳои Ҳазрати Алӣ, ҷангномаҳо, Қуръону Ҳафтяк, ҳадисҳои Муҳаммад (а.с.в.)-ро бо шавқ мехонданду ба мо, фарзандонмаънидод мекхлосроарданд. Оҳиста-оҳиста ин фазилатҳои хуби падар ба мо ҳам бетаъсир намонд.
Ман сӣ сол инҷониб фарзҳои муқаддаси дини мубинро то ҳадди имкон иҷро мекунам. Иди Қурбон неъмати бебаҳои истиқлол аст. Вай хосиятҳои муфид дорад. Меҳру ихлосро мустаҳкам мекунад.
Шукронаҳо мегӯям, ки аввалин роҳбари давлатамон Ислом Каримов, шогирди бовафову донишманди он кас сарвари мамлакат Шавкат Мирзиёев сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаро пеш бурда, фаровониву осоиштагии халқро таъмин менамоянд.
Чунин ҳаёти хурраму гулгулшукуфон дар ягон давру замон нашудааст. Илоҳо, ба ватани озоду ободи мо чашм нарасад. Худованди меҳрубон диёри ҷаннатмонандамонро амон нигоҳ дорад.

Н.МЕҲРАНГЕЗ


Дата добавления: 08/09/2017 11:23;   Просмотров: 1339
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку