* Ба ифтихори 600 солагии Мадрасаи олияи Мирзо Улуғбек – Донишгоҳи давлатии Самарқанд
Дастпарварони Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар пешбурди ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҳиссагузор ҳастанд. Яке аз чунин шахсони нотакрор донишманди забони форсӣ, устоди моҳири шатранҷ, ҷанговари байналмилал, падари бузургвору бобои нуронии дуогӯ раҳматӣ Толиб Нуриддинов аст.
Толиб Нуриддинов 23-юми июни соли 1947 дар гузари Сӯзангарон дар оилаи омӯзгор чашм ба олам кушодаанд. Падарашон Фарҳод Қулизода ва модарашон Икрома Нуриддинова бо касби омӯзгорӣ машғул буда, баъдтар модарашон ба вазифаи директорӣ дар хонаи кӯдакони бепарастор корро идома медиҳанд. Модарашон нақл мекарданд, ки "дар вақти хурдсолӣ Толиб фарзанди табиатан шӯху беқарор буда, зеҳни тезу зукко ва хотираи мустаҳкам дошт. Аз он сабаб хостем ба омӯхтани шатранҷбозӣ вобаста кунем. Майли Толиб ба шатранҷ афзуда, бо истеъдоди худ ҳатто устодаш Карам Яхшибоевро дар ҳайрат мегузошт. Баъдтар ӯ дар шатранҷбозӣ ончунон моҳир гашт, ки ягон рафиқаш наметавонист ӯро мот кунад, оҳиста-оҳиста маҳорат ба ин ҳад расид, ки ҳаракат мекард ба рӯи тахтаи шатранҷ нигоҳ накарда бозад. Дар мусобиқаҳое, ки ташкил карда мешуд, ҳамавақт бо ифтихорномаҳо баргашта, руҳан болида, завқи шатранҷ дар дилаш зиёд мегашт. Ҳамеша ба устозаш миннатдорӣ мекард, ки ин дастовардҳояш ба шарофати устодаш аст.
Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 22 - и ба номи устод Садриддин Айнӣ, соли 1966, ӯро факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба оғӯши худ гирифт. Аз сабаби шавқи зиёд доштанаш ба забону хати форсӣ, пас аз хатми донишгоҳ қарор намуд, ки ба Эрон сафар намояд. Ба форсӣ хеле зебо ҳарф мезад.
Ҳамсари устод Дилором Шодиева дар бораи ҳамсари худ нақл мекунад, ки хеле инсони қобилиятнок, ҳозирҷавоб, дилёбу дарёдил, далеру устувор, ҳалиму хоксор ва оилапарвар буд. Ӯ хеле бахтиёр аст, ки бо чунин инсони асилу самимӣ умр ба сар бурда, соҳиби се фарзанд гаштааст.
Мувофиқи нақли Дилором Шодиева, моҳи майи соли 1974 Толиб Нуриддинов бо ҳамроҳии ҳамсараш боз ба Эрон рафт ва то соли 1977 ба вазифаи тарҷумонӣ масъул буд. Нахустфарзандашон Иронгулбону дар он ҷо ба дунё омад.
Солҳои 1981-1983 хизмати ҳарбиро дар вилояти Таҳори Афғонистон адо намудааст. Як дафъа бо сӣ нафар рақиб, ба қавле, дар "ҷанги тан ба тан" пирӯз гашт. Ин хабар ба душманон расид ва сардори онҳо - Ғаффори дузд дар гуфтушуниде шарт гузошт, ки бо ӯ шотранҷ мебозад. Агар мусобиқа ба фоидаи командири урдуи шӯравӣ ҳал шавад, шартномаи сулҳу амният имзо хоҳад шуд. Агар афғонҳо ғалаба кунанд, ҷанги силоҳӣ оғоз меёбад.
Бозӣ сар шуд. Ҳама бо ҳаяҷону изтироб шоҳиди қаҳрамонии ин инсони наҷоткор гардид. Командири шӯравӣ Толиб Нуриддинов рақибро таслим сохт. Ҳозирон хурсандӣ мекарданд, ки аз маргу захмӣ шудан эмин монданд.
Пас аз хизмати ҳарбӣ дар мактаби рақами 75 (ҳоло мактаби таълими миёнаи умумии рақами 26)-и ноҳия чанд муддат дар вазифаи директори мактаб кор кард. Аз соли 1984 то 2005 фаъолияти худро дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд давом дода, машғули омӯзонидани забони форсӣ шуданд.
Устод маҳорати хуби дарсгӯӣ доштанд, аз ин рӯ пас аз ҳар дарс мо орзуи бо тезӣ омадани дарси ояндаро мехостем. Вақте ки бо забони форсӣ дар бораи Эрон нақл мекарданд, мо донишҷуён ҳар доим мехостем, ки дарс ба итмом нарасад, гӯё аз нақлу баёни устод мо худро дар Эрон медидем. Сад афсӯс,ки асоратҳои набардҳои шадид дар диёри Афғонистон устодро ба бемории сактаи дил даргузошта, шашуми августи соли 2018 риштаи умрашон гусаста шуд.
Устод роҳнамои зиндагӣ аст, устоди хуб роҳбалади бузург. Мо шогирдон бо ифтихор таҷриба, хислатҳои неку панду насиҳатҳои устодро ба фарзанду набераҳои худ нақл менмоем.
Ҳафиза ШУКУРОВА,
устоди ДДС
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.