Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ВАФО

Рӯзи зимистон сармуҳаррири рӯзнома шоир Нормурод Каримзода пас аз ба чоп фиристодани газета мехоҳад, ки ба хонааш рафта, истироҳат намояд. Ин дам аз ҳокимият хабар доданд, ки ҷамъомади селекторӣ мешавад.

Пас аз маҷлис соати 12-и шаб хаставу бемадор ба хона баргашт. Хоб чунон ғалаба мекард, ки беихтиёр чашмонаш пӯшида мешуданд. Дарвозаи ҳавлиашро тела дод, ки он кушодагӣ будааст. Аз дар даромаду пояш лағжид. Баъд чӣ шуд, худаш намедонад...
Ба болои барф афтид ва хобаш бурд. Хоб дид, ки ба роҳзанҳо дучор шудаасту ӯро кашолакунон ба ҷое бурданианд. Барои ҳимоянамоии худ бо тамоми қувва мушти обдоре ба рӯйи роҳзан фаровард...
Пагоҳ бедор шуд, ки дар хонаи гармакак болои кати нарм хобидааст. Як тарафи рӯйи ҳамсараш бошад, кабуду чашмонаш варамида. Ҳайрон шуда, сабаб пурсид.
- Дадеш, шаб дер омадед. Бо вуҷуди ин, болои барф хобатон бурд. Бедор кардам, нахестед. Худам кашолакунон ба хона дароварданӣ шудам, ки нохост ба рӯям шаллоқ хӯрдам...
Шоир аз рафтори худ шармида, зуд аз ҷой хест ва дар ҳаққи сидқу вафои ҳамсараш – Дилбар ном шеъри наверо иншо намуд.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 02/07/2020 13:21;   Просмотров: 795
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку