Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ВАССОФИ СУЛҲУ САЛОҲ ВА ОДАМИЯТ

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакати мо ҳусни таваҷҷӯҳ ва муҳаббати халқ ба ашъори пуробуранги шоири шаҳир Мирзо Турсунзода низ кам нест. Муаллифи асарҳои баландғояи “Сайёҳи Ҳинд”, “Тара-Чандрӣ”, “Писари Ватан” хоҳони тинҷиву хотирҷамъии мову шумост. Фарзанди асили “Мамлакати тиллоӣ” бо сеҳру ҷозибаи хомаи хеш ҳамчун “Оҳанрабо” маҳбуби дилҳост.

Замоне килки буррову фархундапаёми шоири тоҷик аз файзи “Омад канал” дар “Чаманистон” -и шеърият гул карда буд...
Адиби тараққихоҳи ҷаҳон аз овони камолот “Интизорӣ” мекашид, ки “Садои Осиё” ва ғазаби оташини “Духтари муқаддас” бар фитнакории “Меҳмони мағрибӣ” зафар ёбад. “Ба депутат” лозим омад, ки хабари марги хазонро ба самъи баҳор расонад. “Чароғи абадӣ”-ро “Барои Ватан” ҳадя кунад, ишқи самимонаи хешро бар “Ҷони ширин” изҳор намояд ва “Аз Шарқи озод” будани худро бар оламиён маълум созад. Суханвари маҳбуб пайваста такопӯ дошт, то “Сарчашмаи мардонагӣ”-ро дарёфта, “Ба роҳбар” “Салламно” хонад. Аз дафтари шеърҳои нав “Ба дилбар”, “Ба духтари Астурия”, “Халқи далер”, “Модари азиз”, “Посбони ганҷинаҳо”, “Ба А.С. Пушкин” ҷо диҳад.
“Хоҳари мушфиқ, Африқо” “Суруди сулҳ”-ро аз бар намудаасту имрӯзҳо мисли “Рӯди кӯҳӣ” ҷӯшу хурӯш дорад, нисбат “Ба ҷанг” нафрат мепарварад.
Мунодии сулҳу амонӣ “Дар сари тасвир”-и “Ҳусн” низ ҳамто надорад. Кайҳост, ки овозаи он “Аз Бадахшон то Кремл” рафтааст.
Қосиди “Суруди ҷавонӣ” ҳамеша бо “Забони сулҳ ва бародарӣ” ба ҷаҳониён ҳарф мезанад ва аз ин ҷост, ки каломи латифу дурпарвози ӯ -“Дурахшонтарин қуллаҳо”-и адабиёти моро фатҳ кардааст.
“Писари Ватан” аз як тараф, мардумони Осиё ва Африқоро бо шӯру исён даъват намояд, аз тарафи дигар, одамони диёрашро ба шоҳроҳи бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.
“Аз Ганг то Кремл” ифодагари ғояҳои инсонпарвариву ватанхоҳӣ, далериву фидокорист.
Шӯҳрати Мирзо Турсунзодаро метавон аз “Тоҷмаҳал” ҳам баландтар донист.
“Дили модар”-и тоҷик низ аз иқболи фарзанд – нури чашмони хеш лабрези суруру шодист, вай омодааст, бо “Як нигоҳ” “Ошёни баланд”-и меҳрашро маъвои ӯ бисозад.
Хизмати бузург ва арзишманди зодаи “Водии Ҳисор”-ро ҳамеша Модар – ватан, миллат ва Халқ қадр мекунад, зҳтиромашро ба ҷо меорад.

Н.МЕҲРАНГЕЗ


Дата добавления: 10/11/2017 11:05;   Просмотров: 1263
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку