Дар толори маҷлисҳои мактаби миёнаи рақами 17 ба ифтихори 80-умин солгарди Арбоби намоёни давлатӣ, Президенти аввалини Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, Бузургмарди саҳнаи сиёсати ҷаҳон, меъмори ваҳдату истиқлолият шодравон Ислом Каримов тадбири бошукӯҳ доир гардид.
Онро ҷонишини директори мактаб доир ба масъалаҳои маънавият ва маърифат Лола Шодиқулова ифтитоҳ бахшид.
Нахуст аҳли толор ба ёди Ислом Каримов аз ҷой хеста, дақиқае сукут варзиданд. Муаллими фанни таърихи мактаб Холмурод Сиддиқов дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Ислом Каримов, хизматҳои бузурги ӯ дар ҷодаи озодиву ободӣ ва фаровонии мамлакат батафсил сухан ронд.
Имом – хатиби масҷиди ҷомеъи Хоҷа Абдуи Берун Ҳоҷӣ Лутфуллоҳ Ибодуллоев низ ба ҳозирон бо мисолҳои равшан ҷоннисорӣ ва сиёсати одилонаи Ислом Каримовро хотиррасон кард
Мудири қисми илмии мактаб Дилшода Насриддинова бо баҳонаи тадбири ёдномаи Ислом Каримов ба падар ва модарони хонандагон ҳолати саводомӯзӣ ва давомоти мактабиёнро баён сохта, иброз дошт, ки бояд хонандагони замони Истиқлол вориси барҳақи Ислом Каримов будани худро фаромӯш насозанд.
Баромади хонандагон ва филми ҳуҷҷатие, ки аз рӯзгор ва корномаҳои Ислом Каримови бузург ҳикоят мекунад, манзури ҳозирон гардида, таассуроти амиқ гузошт.
Озод ҲАМИДЗОДА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.