Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ВОХӮРИИ СЕ АВЛОД

Дар маҳаллаи Талибарзуи поён бо ташаббуси раиси гузар ва депутати Шӯрои намояндагони    халқи ноҳия  аз ҳавзаи интихоботии Талибарзу 30 Акбар Маҳмудов вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он вакилони се авлод иштирок намуданд.

Дар тадбири мазкур фаъолони маҳалла, иштирокчиёни ҷанг,  намояндагони идораҳои ҳуқуқу тартибот, банк, шифокорон ва ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.

Ҷамъомадро амини деҳа Санъатхон Баҳромов ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба сиёсати хирадмандонаи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва эълон гардидани соли мулоқот бо мардум ва манфиатҳои инсон ҳарф заданд. Инчунин, оиди ҷамъбасти соли сипаришуда ва нақшаҳои оянда сухан гуфтанд.

Сипас, депутат Акбар-ҷон Маҳмудов, директори мактаби таълими умумии рақами 41 Наим Саломов, нозири профилактикаи садорати корҳои дохилии ноҳия Муҳиддин Облоқулов, ходими “Агробанк” Улуғбек Яшизаков, собиқадори таълими халқӣ Мурод Маъдӣ ва дигарон ба сухан баромаданд.

Баҳодури ЗОҲИР

Дар акс: чанд лаҳза аз тадбир

 


Дата добавления: 27/01/2017 15:16;   Просмотров: 1575
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку