Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ХАБАРГИРӢ

Рашидиро шифо бахшид...

Шоири шинохтаи Самарқанд, омӯзгори собиқадор, муаллифи якчанд китобҳои шеърӣ Ҳусейн Рашидӣ дер боз дар бистари беморӣ мехобид. Ёру дӯстон аз аҳволаш хабар мегирифтанд. Бемории Ҳусейн Рашидӣ моро ғамгин гардонида буд…
- Шодиёна диҳед, - рӯзе хандон вориди идора шуд собиқадори маориф ва матбуот, мухбири ҷамоатии рӯзнома Мирсафо Камолӣ. – Ҳусейн Рашидӣ шифо ёфтанд. Бо беморӣ худам “ҷанг” кардам ва ғолиб шудам…
Мирсафо Камолӣ бо ҳар ходими рӯзнома вохӯрӣ намуда, хушхабарро мерасонд.
- Бовар намекунед-а?! – бо нигоҳи беғубору хандаи беғаши кӯдакона ба мо рӯ овард ӯ. – Нигаред, худашон шеърашонро рӯйи коғаз фароварда, ба шумо армуғон сохтанд. Ҳатто ба суратхона рафта, ҳамроҳ расм гирифтем.
- Шоири 86-соларо чӣ тавр ба суратхона бурдед?! – нимшӯхиву нимҷиддӣ пурсидем мо.
- Ҳа-ҳа-ҳа, худашон рафтанд, - хандон ҷавоб дод Мирсафо Камолӣ. – Аз зинаҳо бе ёрии ман боло баромаданд. Чор хел сурат гирифтем. Мана исботаш!
Вай сӯямон суратҳоро дароз карда, воқеаро нақл намуд:
Рӯзе Мирсафо Камолӣ ба дидорбинии Ҳусейн Рашидӣ меравад. Ҳусейн Рашидиро рангпаридаву лоғар мебинад, ки ҳатто маҷоли гап задан надорад. Бо имову ишора меҳмонро наздаш хонда, дастхатҳоро дода, “васият” мекунад.
Мирсафо Камолӣ бо дили пурғаму чашмони пурнам ба хона меояд. Тамоми шаб хобаш намебарад. Рӯзи дигар боз ба аёдати Ҳусейн Рашидӣ меравад. Ҳар гуна воқеаҳои хандаоварро нақл карда, кӯшиш мекунад, ки кайфияти беморро бардорад. Мачбур менамояд, ки Рашидӣ хӯрок хӯрад.
- Мехоҳам камтар хоб кунам, - хоҳиш мекунад бемор.
- Хӯрокро хӯред, баъд ба дамгирӣ рухсат медиҳам! – мегӯяд Мирсафо Камолӣ.
Рашидӣ бо ёрии завҷааш каме хӯрок мехӯрад.
Рӯзи дигар Камолӣ боз ба хабаргирии Рашидӣ меравад. Ин дафъа баъди ба ҳаракат овардани дасту пой Рашидӣ имкони дамгириро ба даст меорад.
Қариб ҳар рӯз Камолӣ меҳмони хонадони Рашидӣ шуда, соатҳо сӯҳбат мекунад. Аз ҳар соҳа савол дода, намегузорад, ки Рашидӣ хоб равад. Зеро бузургон хобро додари марг гуфтаанд. Маҷбур мекард,ки шоир шеър гӯяд. Мирсафо Камолӣ шеър ҳоро аз забони Ҳусейн Рашидӣ навишта, ба идораи рӯзномаҳо мебурд.
Агар Мирсафо Камолӣ имкони хабаргирӣ надошта бошад, ба воситаи телефон занг мезанад. Аз дӯстонаш хоҳиш мекунад, ки ба Ҳусейн Рашидӣ телефон карда, ҳолпурсӣ намоянд.
- Мирсафо, аз ман бӯйи умед нест, - мегӯяд рӯзе шоир. – Маро ба ҳоли худ гузоред.
- Агар аз ҷой хеста, роҳ гардед, баъд ба шумо кордор намешавам, - паст намеояд Мирсафо Камолӣ. – Вагарна ҳар рӯз ба хонаатон меоям.
Шоир аз ҷой мехезад ва рӯйи хона қадам мегузорад. Рӯзи дигар Мирсафо Камолӣ шарти нав мегузорад: шоир рӯйи ҳавлӣ барояд. Ҳамин тавр Мирсафо Камолӣ шоирро дар давоми як моҳ хабар гирифта, ҳар рӯз шарти нав мегузорад. Дар охир ба кӯча баромада, сурат мегиранд.
- Акнун аз Ҳусейн Рашидӣ хотирам ҷамъ! – хитоб намуд Мирсафо Камолӣ. – Шунидам, ки Санъат Муҳаммадиев бемор шуда, ба реаниматсия хобидаанд, наздашон рафтам. Бо шарофати ман рӯзи дигар ҷавоб шуданд. Ба хонаашон рафтам. Боз телефон кардам, ки овозашон хаста. Боз ба наздашон рафта, қариб ду соат воқеаҳои шавқоварро нақл намудам, ки кайфияташон болида гардад. Барои санҷидани натиҷааш рӯзи дигар занг задам. Ин дафъа гӯшакро бардошта гуфтанд: “Раҳмат ба шумо! Ман нағз! Овозам зангӯла барин!”
Мирсафо Камолӣ бо шавқ нақлашро ба охир расонида, ба дар рафт:
- Модаркалонам табиби халқ будаанд. Шояд ин хислат ба ман ҳам гузашта бошад. Намегузорам, ки аҳли илму эҷод бемор шаванд. Ҳоло ба хабаргирии муаллим Мардонқул Саломзода меравам…

Дилрабо НАСИМӢ

Инак, шеър ва сурати Ҳусейн Рашидиро пешкаши мухлисон мегардонем:

АХТАРИ КАЙҲОН

Самарқанд ахтари кайҳон,
Каломи дафтари кайҳон.
Расадхона ба дафтар монд,
Улуғбек ҳамчу ахтар монд.
Дар ин ҷо гӯри мирон ҳаст,
Дар ин ҷо нури пирон ҳаст.
Дар ин ҷо қудрати Темур
Алайҳи душманон маъмур.
Дар ин ҷо ҳайкали иқбол,
Ки бунёдкори истиқлол.
Фалак аз оби раҳмат рехт,
Бибихон орди гандум бехт.

Замин чун сурфаи нон шуд,
Хамир аз оби борон шуд.
Мана, оби Самарқандам,
Мана, тоби Самарқандам.
Шукӯҳи боғу бӯстон аст,
Биҳишти Ӯзбекистон аст.

ВАСФИ ГУЛОБОД

Назар кардам ба ҳар сӯи Гулобод,
Ба нуру дилрабо рӯи Гулобод.
Гулобод деҳаи аҳли ҳунар шуд,
Зи оҳанҳо гули девору дар шуд.
Чу тифлони замин харбуза, тарбуз,
Мисоли барраю навзоди ҳар буз.
Ба мурғон лона айвони Гулобод,
Ба чаҳ-чаҳ оварад дони Гулобод.
Чу тифлони нави оғӯши модар,
Шукӯҳаш кӯҳ барин дар дӯши модар.
Дарахтони наву сарсабзу хуррам,
Ба ноку анҷираш дур мекунад ғам.
Дар ин ҷо чашмаҳо чашми Гулобод,
Набинӣ хору хас, гул мекунад шод.
Гулобод деҳаи мардони номдор,
Зи илму ҳикмати нав-нав хабардор.
“Гулобод тонги”-ю “Субҳи Гулобод”,
Чу оина дар он акси дили шод.
Рашидӣ шефтаи хони Гулобод,
Ба ҳама мерасад нони Гулобод.
Ҳусейн РАШИДӢ


Дата добавления: 04/08/2017 15:29;   Просмотров: 1462
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку