Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ХОҲИШИ НИҲОНӢ

(Мардҳо нахонанд)

" 8-уми март ба 29 феврал гузаронида шавад. Дар 4 сол 1 маротиба ин ҷашнро тоқат кардан мумкин аст.
" Амалиёти пластикӣ барои зебо сохтани занҳо ба доираи хизматгузориҳои бепули тиббӣ дохил карда шавад.
" Занҳо ва маъшуқаҳо, аввал ин ки умуман вонахӯранд, вале агар во хӯрданд, хеле меҳрубон бошанд.
" Занҳо ҳама барои осонии кор номи якхела дошта бошанд.
" Ҳамаи занҳо аз тилловорӣ, либосҳои қимматбаҳо, доллар ва амсоли инҳо "аллергия" дошта бошанд.
" Занҳо умуман бӯи нос, сигор, бензин ва арақу пиворо эҳсос накунанд.
" Занҳо ҳеҷ гоҳ касал нашаванд.
" Ҷуробҳое (пайпоқ) истеҳсол шаванд, ки онҳо худашон назди ҳамдигарашон раванд.
" Дар ҳама тарабхонаву барҳо ҷойи хоб бошад ва онҳое, ки ба хона рафтан намехоҳанд ва ё наметавонанд, шабро дар ҳамон ҷо рӯз кунанд.
" Сатили партовро бурда холӣ кардан барои мардҳо мувофиқи қонун қатъиян манъ карда шавад.
" Кӯдаконро ба боғча бурдан, аз мактаб овардану бурдан, дар маҷлисҳои падару модарон ширкат кардан мутлақо корҳои занона эътироф карда шавад.


Дата добавления: 08/03/2019 11:58;   Просмотров: 956
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку