Муаллим ҳамеша, дар ҳама ҷо устоди маънавии насли наврас, виҷдони маҳаллаву коргоҳ шуда метавонад. Новобаста аз он, ки худ даҳҳо муаммои рӯзгор дорад, ба сари ҳамсоя ё ошнои худ муаммое расад, ҳамаи сарбастаҳои зиндагии худро ба гӯшаи фаромӯшӣ ниҳода, аз пайи ҳал намудани муаммои атрофиён ва шод кардани дили онҳо мешавад. Аз ин рӯ, ӯро дар ҳама ҷо эҳтиром мекунад ва бо самимият муаллим мехонанд. Халқ низ гавҳаршинос аст. Қадри некиҳои муаллимро хуб медонад. Вақти ғамгинии ӯ ғамшарик ва ҳангоми хурсандиаш шодишарик мегардад.
Рӯзи дафни муаллими шинохта, Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, собиқадори ифтихории меҳнат, шодравон Туронбобо Содиқов аҳли маҳаллаи Қавчинон ва деҳу гузарҳои атроф садҳо нафар мардум ҷамъ омада, хислатҳои неки устоди устодонро ёдрас шуданд. Зиндагиномаи муаллими шодравон Туронбобо Содиқов, ки дар синни 91-солагӣ ин дунёро тарк намуд, барои ҷавонон мактаби ҳаёт буда метавонад.
Турон Содиқов 25-уми октябри соли 1928 дар деҳаи Қавчинон дида ба дунё кушодааст. Меҳри ӯ ба хондану китоб ҳанӯз ҳангоми хонандаи мактаби рақами 22 буданаш андар дили беолоишаш пайдо шудааст. Ҳамин меҳру шавқи беандоза нисбат ба саводомӯзӣ ӯро соли 1947 донишҷӯи факултаи географияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд гардонидааст.
Турон Содиқов дар донишгоҳ низ чун ҷавони ташаббускор ва донишҷӯи фаъол ном баровард. Аъзои ибратангези Иттифоқи ҷавонони донишгоҳ буд. Вақте ки соли 1953 ин дабистони олиро хатм намуд, бо роҳхати раёсати донишгоҳ ӯро бо уммеди бисёре ба яке аз ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон барои оғози фаъолияти педагогӣ фиристоданд. Дар ҳақиқат, мактабе ки ӯ барои дарс гуфтан рафта буд, дар ҳама соҳа мелангид. Барои беҳтар намудани тарзи таълим ва ободии мактаб фикрҳои худро ба ҷамоаи мактаб ва шӯъбаи таълими халқи ноҳия арз намуд. Худаш низ аз қатори устодони ҷонфидои мактаб ҷой гирифта, фидокорона заҳмат кашид. Чун диданд, ки ин ҷавони навхати самарқандӣ афкори васеъ ва пешниҳодҳои пухта дорад, худи ҳамон сол Турон Содиқовро директори мактаб таъин карданд. То соли 1981 барои пойдор намудани таълим дар кишвари ҳамсоя хизмати босазо кард. Соҳиби эҳтирому эътибори халқ ва эътирофи Вазорати таълими халқи Тоҷикистон шуд. Дар ин муддат оилаи Туронмуаллим яке аз хонаводаҳои серфарзанд пазируфта шуда, маҷбур буд, ки ба Самарқанди азизи худ баргардад ва ӯро дар мактаби рақами 71-и ноҳия муаллими фанни география ва мудири қисми илмӣ таъин намуданд.
Туронбобо Содиқов то дами нафақа ба шогирдони худ таълим дода, барои ободии зодгоҳи худ - маҳаллаи Қавчинон ва мактаби худтаълимгирифтаи рақами 22 ҳиссагузор шуд. Аз ҳама муҳимаш, ҳамроҳи завҷаи мӯҳтарамаи худ 10 нафар фарзанд - ҳашт духтар ва ду писарро мувофиқи замона таълим ва тарбия намуд. Дуогӯи 94 нафар набераву абера буд, ки ин дунёро тарк гуфт.
Ёди муаллими муаллимон, маърифатпарвари номӣ, падар ва бобои меҳрубон, тарбиятгари хирадманди ҷавонон Туронбобо Содиқов дар дилу дидаҳои мо солҳои зиёд чун шӯъла рахшанда мемонад.
Аҳли маҳаллаи
Қавчинон ва ҷамоаи мактаби рақами 22
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.