Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ХотиРоти ҷавонӣ

ё худ ёди муаллимаи аввалини мо

Якуми сентябри соли 1947 ман бо хоҳарам Меҳринисо ба синфи якуми мактаби рақами 14, ки дар маркази қишлоқи Кӯл ҷойгир шуда буд, дохил шудем. Хоҳарам 7 сола, ман 8 сола будам. Аз сабаби бемориам, ман ба мактаб ду сол дер рафтам.. Ҳавлии мо, ки дар қишлоқи Навбоғчиён ҷойгир шуда буд, аз мактаб ба масофаи 1 км. ва фарзандоне, ки аз қишлоқи Сартеппа меомаданд, қариб 3 км. буд. Аз ҳамин сабаб, бо саъй кӯшиши раҳбарони он замон дар маркази қишлоқи моён дар шафати масҷиди гузар, як ҳавлии калонро барои моён ба мактабхона табдил дода буданд. Моён 30 нафар хонанда аз пагоҳии соати 8 ба мактаб рафта, мувофиқи ҷадвали дарс 3-4 соат мехондем. Солҳо, солҳои баъди ҷангӣ, гуруснагӣ, либосҳои дарбе, баъзе бачаҳо аз Сартеппа ҳатто бо пойҳои бараҳна меомаданд. Ман бошам бо маҳсичае, ки падарам дар тӯи суннатиам оварда буданд, ба мактаб мерафтам. Муаллимаи аввалини мо Ҷалолова Додарой аз қишлоқи Бекҳо меомаданд. Он кас як духтари қоматбаланди зебо, бо либосҳои оддии ба худашон зебанда, чеҳраҳои кушод ва лабони пурханда ба мо салом дода ҳамаи моро мафтун мекарданд. Худованди Карим гуё ба он кас ҳамаи ҳусну латофат ва зебогиҳои табиатро муҷассам намудааст. Хонандагонро ниҳоят дӯст медоштанд, дашном доданро намедонистанд. Ҳангоми танаффусҳо бо ҳамроҳии моён дар айвони масҷиди қишлоқ бозиҳо, ҳатто ланкабозӣ мекарданд, ки ҳамаи моён бо хурсандӣ мерақсидем. Вақте ки аз кӯча арабаҳои колхоз мегузашт, он кас худро ба оқиби сутунҳои масчит паноҳ карда, баъди рафтани онҳо бозиро давом медоданд. Ниҳоят шармин ва боҳаё буданд, ба ягон марди роҳгузар нигоҳ намекарданд. Ман бо хоҳарам Меҳринисо якчанд маротиба муаллимамонро аз ду дастонашон кашолакунон баъди дарсҳо ба хонаамон гирифта меовардем ва зорикунон, «Ақаллан ним соат бошад, ҳам дароед», гӯён тавалло мекардем. Агар дароянд, мо чунон шоду хуррам мегаштем, ки охир надорад. Ҳамин тавр, рӯзҳо пайи ҳам мегузаштанд ва соле моён бо муаллимаи азизи худ бо ашкҳои дида хайру хуш кардем ва манзилашонро пурсида гирифтем. Рӯзҳои тобистон он касро ҳамеша дар хобам медидам, ёд карда зиқ мешудам ва дидан мехостам. Дар яке аз рӯзҳои тобистон ман бо ҳамроҳии хоҳарам Меҳринисо аз модарам дуто нони гарм ва аз боғамон як сабадча себи баҳорӣ гирифта, ба ҳавлии муаллимамон рафтем. Хушбахтона, он касро бо чашмони гирьяолуд дида ба оғӯши гармашон худро андохтем. Муаллима бо либоси хонагӣ, дар айвончаи хурдакак бо мо нишаста сӯҳбат карданд ва ҳар дуямонро дӯстдорӣ намуданд, ки мо хурсандона ба хонаамон баргаштем...
Баъд аз якчанд рӯз боз ёди муаллимаамро карда, дуто нон ва ба сатилча ангури доройи гирифта, ба ҳавлии он кас рафтем, аммо сад афсӯс, ки дарашон қулф будааст ва мо ниҳоят ғамгин шудем... Баъд аз якчанд дақиқа ба сарам як фикр омад: деворҳояшон, ки пастакак буд, мо ҷаҳида аз девор ба даруни ҳавлӣ дохил шуда, дар саҳни айвончаашон нишаста он касро интизорӣ кашидем... Лекин аз он кас дарак нашуд ва мо дастовези худро дар токчаи айвонча гузошта ман як чӯбро гирифта ба рӯи замин сатрҳои зеринро навиштам: «Муаллимаи азиз, мо омадем, лекин сад афсӯс, ки Шуморо надида, ғамгинона рафта истодаем. Чизҳои овардагиамонро ба токча гузошта рафтем, паноҳатон ба худо!»
Мутаассифона, аз баъзе одамон шунидем, ки муаллимаи азизи мо, гуё ба шавҳар баромада, дигар ба моён дарс намедодаанд. Вале, хушбахтона, боз муаллимаи мо якӯми сентябр дар синфи дуюм ба мо сабақ доданро сар карданд, ки ҳамаи мо бачагон бо хурсандӣ он касро пешвоз гирифтем. Дар яке аз рӯзҳои моҳи ноябр зилзилаи сахт ба амал омада буд, ки мо он лаҳза дар синф будем... Муаллимаи азизи мо аз ин ҳодисаи ногаҳонӣ, андаке парешон шуда, ҳамаи моро як-як даст дошта аз синф берун бароварданд. Дар ҳамин лаҳзаҳои ногувор муаллимаи азизи мо ҳамчун мурғе, ки ҷӯҷаҳояшро чӣ тавр ҳимоя мекунад, моро ҳимоя карда аз тарсу ваҳм огоҳ намуданд ва гуфтанд, ки ин хел даҳшатҳо ва зилзилаҳо дар тамоми рӯи заминамон такрор мешавад. Ҳатто дар баъзе ҷойҳо бисёр харобаҳо ба амал меоянд ва боиси марги одамон мешавад. Хушбахтона, ин зилзилаи содиршуда ба ҳеҷ кас зарофат нарасонидааст. Худои меҳрубон шумоён бачагони бегуноҳро ба паноҳаш нигоҳ медорад, гӯён дилҳои ларзидаи моёнро, бо суханҳои нарми худ пасанда карданд. Баъди ин ҳодиса муҳаббати мо ба муаллимаи азизамон боз ҳам зиёдтар шуд. Ба хонаамон омада ман бо хоҳарам воқеаи имрӯзаро ба модарам ҳикоя карда, гуфтем, ки чӣ тавр муаллимаи моён, моро аз тарсу ваҳам халос намуданд. Дар ҷавоб модарам муаллимаамро дуоҳо карда», илоҳим бахтнок шаванд» гуфтанд.
Зимистони он солҳо ниҳоят вазнин, ҳама ҷойҳоро барфи калон зер карда буд. Лекин муаллимаи азизи мо ба ҳамингуна хунукиҳо нигоҳ накарда, ба мо дарсдиҳӣ меомаданд.

Каримбобо ӮРУНОВ


Дата добавления: 19/01/2018 12:01;   Просмотров: 1200
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку