Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЯК КАМ ДУНЁ

Дар нишасту ҷамъомадҳо оиди камбудии зиндагии инсон ишора карда мегӯянд: Як кам дунё. Ба зисту зиндагии атрофиён бо диққат назар андозем, ин ривоят тасдиқи худро меёбад.

Ҳар яки мо шоҳиди он ҳастем, ки зани якдаста дӯзандаи моҳир, каси ногирон мутахасcиси компютер, инсони гунгу кар устои моҳири асбобҳои техникӣ ё мошинҳо, шахси дасту пояш шал рассоми машҳур ва ҳоказо.

Дар байни маъюбон олимон, ходимони шинохтаи илму фарҳанг, муҳосибони корхонаҳои калон, муаллимони донишкадаҳо низ кам нестанд.

Аксарияти онҳо бо донишу маҳорати касбӣ ва ахлоқи хуб обрӯи баланд доранд.

Боз як чизро бояд гӯям, ки маъюбон, яъне ногиронҳо дар байни ҳамаи тоифаи инсоният, шахсони шукргузоранд.

Ин хислати онҳо дар натиҷаи чӣ ба вуҷуд омадааст? Барои ба ин савол ҷавоб додан суханҳои олиму сайёҳи номдори дунё Жан Жак Руссоро ба ёд овардан кифоя: “Фарзандро аз мушкилиҳои зиндагӣ халос кардан, эҳтиёт карда ба воя расонидан кифоя нест. Ҳама гап дар он, ки ӯро барои аз мурдан халос кардан накушед, балки барои зистан маҷбур кунед”.

Ба эътибор нагирифтани гуфтаҳои Руссо аз тарафи сардорони баъзе оилаҳо дар тарбияи фарзанд хатост. Дар натиҷа ҷавони солим бе ягон касбу ҳунар мемонад. Пистафурӯшӣ, носфурӯшӣ, мардикорӣ ё ки дар бозорҳо майдасавдогарӣ карда, умри ҷавонашро хор мекунад. Фаррошӣ низ касб мебошад. Лекин барои ҷавони ҷисман нерӯманд ин касбҳо нозеб аст.

Ҳилолии бузург нисбати ҷавонӣ гуфта буд:

Дар мавриди қудрати ҷавонӣ,

Нақде ба кор ор то тавонӣ.

Аксар ҷавонон дар ҷамъият мавқеи худро намеёбанд.

Ман ҷавонеро медонам, ки бо кӯмаки бародараш ду бор талабаи донишгоҳ шуду хонданро ба охир расонида натавонист. Иродааш сустӣ кард. Ҳоло синнаш ба 68 расида бошад ҳам, бе зану фарзанд зиндагӣ мекунад. Боз сабаби асосӣ он аст, ки ӯ аз хурдӣ назди худ мақсади чӣ тавр зиндагӣ карданро нагузошта буд.

Баъзе ҷавонони имрӯза низ дар назди оила, падару модар масъулиятро ҳис намекунанд. Оиладор бошанд ҳам зану фарзандашон аз ҳисоби маблағи падару модар рӯз мегузаронанд.

Саъдии бузург таъкид карда буд:

Ҳар ки нон аз амали хеш хӯрад,

Миннат аз Ҳотами Той набарад.

Барои исботи ин ақида мисоли зеринро мебинем.

Фотеҳ дар оилаи серфарзанди деҳқон ба дунё омад. Азбаски кенҷаписар буд, эрка калон шуд. Синнаш ба 18 расиду ба қатори рафиқонаш ӯро ба хизмати ҳарбӣ даъват карданд. Ӯ хизматашро дар марзи Афғонистон давом дод. Аз байн панҷ моҳ гузашт. Дар яке аз ҷангҳо аз дасташ захмдор шуд.

Ба хона бо як даст баргашт. Падар, модар ва наздиконаш инро дида оҳу фиғон карданд. Шукрона гуфтанд, ки худаш зинда омад. Акнун ӯ ҳамчун маъюб нафақа мегирифтагӣ шуд. Миқдори моҳонаи нафақааш ба зиндагӣ мерасид.

Фотеҳ якдаста бошад ҳам бекор нишастан намехост. Дар ин бора аз бародараш маслиҳат пурсид:

- Ёд дорӣ, соле борони сел замини Шамсибоборо шуста буд. Замин қариб 30 хол мебарояд. Агар хоҳӣ ман бо Шамсибобо гап мезанам, ту дар он ҷо боғ бунёд мекунӣ, кишту кор мекунӣ.

Фотеҳ ба ин фикри бародараш розӣ шуд.

Барои оғози кор, Фотеҳ аз мӯйсафедони маҳалла маслиҳат пурсид. Ба ин кор 10 нафар мардикор ҷалб карда шуд. Дар давоми як ҳафта кори ҳамворкунӣ давом кард. Барои обёрӣ кубурҳо кашида шуданд.

Ҳамроҳи бародараш 70 бех ниҳоли гелоси барвақтиву миёнсоларо шинонд, мувофиқи талаби агротехника ни-ҳолҳоро ба замин шинонд. Байни ниҳолҳоро шудгор карда зироатҳои лозимро корид. Як қисми заминро барои хӯроки чорво кор фармуд. Бисёр корҳои зироатро бо ҳашар иҷро кард.

Дар соли дуюм ҳосилнокии замин дучанд зиёд шуд. Зеро замин аз нурии маъданӣ бой гардида буд. Дар ин муддат Фотеҳ бо як даст задани каландро пурра аз худ кард. Ба ӯ нигоҳ карда мегуфтанд, ки қуввати ду дасташ ба як дасташ гузаштааст.

Соли сеюм дарахтони гелос ба хосил даромаданд. Аз муваффақияти кори писараш модари Фотеҳ хурсанд шуда, бо сари баланд барои хонадор кардани писараш ба хостгорӣ баромад. Аввал ба хонаи ҳамсояаш Насрибобо даромад.

Насрибобо барои ба Фотеҳ додани Холчучук розигӣ дод. Тӯйро бо хушиву хурсандӣ гузарониданд. Арӯсу домод бисёрии вақташонро дар боғи гелосзор мегузарониданд. Таввалуди фарзанди нахустин ба онҳо боз кӯшишу ғайрат бахшид. Писарашон Орзу дусола шуда ба боғчаи бачагонаи деҳа рафт. Фотеҳ, ки деҳқони дасткушод буд, аз ҳосили рӯёндааш тез-тез ба боғчаи бачагон мефиристод. Ва кӯдакони қишлоқ аз меваву сабзавотҳои тару тоза баҳраманд мешуданд.

Боғи Фотеҳро Фотеҳобод номиданд. Бо меҳнатдӯстиву хушсуханиаш Фотеҳ дар байни ҳамсояҳо ҳурмат пайдо кард.

Вақти гелоспазӣ аз меваи боғаш ба ҳама медод, пулашро намегирифту мегуфт:

- Умри имрӯзаи ман умри дубора аст. Чи хеле, ки лашкаркашон мегӯянд: “Дар ҷанг тасодуфан ҳалок намешаванд, балки тасодуфан зинда мемонанд”. Барои зинда монданам ба худо шукр карда, меҳнат карда ба одамҳо бояд некӣ кунам. Аз ҳар дақиқаи умрам, ки худованд додаст, бояд самаранок истифода барам. Вагарна ношукрӣ хоҳад шуд.

Баҳром ИСТАМҚУЛОВ, деҳаи Чоршанбе

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


Дата добавления: 10/02/2017 15:54;   Просмотров: 1643
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку