Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЯК РУКНИ МАЪНАВИЯТ

Озодии виҷдон, эътиқоди диниву мазҳабӣ, ки имрӯз насиби мардуми шарифи Ӯзбекистон гардидааст, ҳама аз неъматҳои бузурги Истиқлолияти давлатии кишвари соҳибихтиёри мост.

Рӯзи ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолият рост омадани Иди Қурбон, ба рӯҳи гузаштагон бахшидани намозу ниёз фоли нек аст.Бо амри тақдир, маҳз дар доираи тадбирҳои давлативу ҷамоатӣ Бузургдошти хотираи Президенти Аввалини Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, бузургмарди маъруфи майдони сиёсати ҷаҳон Ислом Абдуғаниевич Каримов дар Тошканд ва Самарқанд гузоштани ҳайкали пурмӯҳташами вай хид нишонаи қадршиносист.
Намозгузорон ва зиёратчиёни масҷиди ҷомеи Хоҷа Абду Берун, ки Рӯзи Иди Қурбон ҷамъ омаданд, аксар дар ҳамин хусус ҳарф заданд.
Қурбон АКРАМОВ, ронандаи ёрии таъҷилии тиббӣ, сокини маҳаллаи Сулфакабудак:
- Аз он сабаб, ки дар рӯзи Иди Қурбон таваллуд ёфтаам, номи маро Қурбон гузоштаанд. Барои ҳамин, аз хурдсолиам, зиёда аз панҷоҳ сол боз ҳамроҳи бобоям Акрамбобо Иброҳимов, падарам усто Аҳтам Акрамов (онҳоро Худо раҳмат кунад!) ба Иди Қурбон иштирок менамоям.
Вақтҳои ҷавонии ман, аниқтараш 30 сол пеш масҷиду мақбараи Хоҷа Абду Берун аз зулми сиёсати нофаҳмои ҳизби коммунистӣ ба амборхонаи хоҷагии ҷамоатӣ табдил ёфта буд. Аз ин рӯ, бо роҳи рустӣ намозамонро ба масҷиди Хоҷа Аҳрори Валӣ мегузоштем. Бобоям ё падарам бароям тӯҳфаву ҳалвоҳои гуногун савғо намуда, мегуфтанд, ки имрӯз зодрӯзи туст. Кормандони милисаро аз дур дида, паноҳӣ меҷустем, мабодо бинад, ба мактаб ё қишлоқ оварда, шарманда мекард. Ҳоло шукр, дари масҷиду мадрасаҳо барои ёд гирифтани илми диниву дунёӣ кушода аст. Худи милисаҳо барои тинҷу хуб гузаштани Идҳои Рамазону Қурбон ёрӣ мерасонанд. Чунки Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев бо қарори махсус идҳои диниро ба рӯзи истироҳат табдил дод. Аз руҳи поки Президенти Аввалини Ӯзбекистон Ислом Каримов қарздорем, ки барои мо Истиқлол овард ва ба озодии диниву мазҳабӣ соҳиб шуд. Имрӯз ҳамроҳи писаронам Ҷаҳонгиру Ҷӯрабек, додарзодаам Иброҳимҷон ба масҷид омада, ёди гузаштагонро мекунем.
Умарқул БОЛТАЕВ, омӯзгори собиқадор, сокини маҳаллаи Дашти сӯхта:
- Зиёда аз панҷоҳ сол дар мактабҳои деҳа муаллимӣ кардам. Омӯзгоронро дар замони Шӯравӣ чун тарғибгари сиёсати давлат, мафкураи ҳизб кор мефармуданд. Дар ин масҷиди файзосори Хоҷа Абду Берун шогирдонро танҳо барои тоза гардонидани атрофи он, бардоштани ему хошоки чорвои колхоз, гирифтани кинофилмҳои гуногуни таърихӣ меовардем.
Дилам ба ларза меомад, ки мабодо худобехабарон масҷидро вайрон кунанд, аз ганҷинаи бобоӣ ҷудо шуданамон муқаррар! Шукр, Истиқлолияти мамлакат, ки меъмораш Президенти Аввалини Ҷумҳурият Ислом Каримов буданд, баробари Хоҷа Абду Берун боз ёдгориҳои дигари таърихиамонро нигоҳ дошта, ба ободӣ расонид. Ҳоло дар сари ҷойнамоз суханони сарвари имрӯзаи мамлакатамон Шавкат Мирзиёевро нисбат ба устоди худ Ислом Каримов андеша карда, аз чашмонам об шорид. “Бигзор, ҳар як шогирд ба устодаш дар дилаш ҳайкал гузорад!” Барои устод, ба рӯҳи устод аз ин дуою бахти баланд нест!
Ҳоҷӣ СУЛТОНОВ, ифтихорманди меҳнат, собиқадори соҳаи нақлиёт, сокини маҳаллаи Қавчинон:
- Дар умри сари худ аз роҳҳои пурпечутоби зиндагӣ гузашта, синнам ба ҷое расид. Замоне намозу рӯза ва дигар рукнҳои мусулмониамонро танҳо дар дил мекардем. Лабамон пичиррос мезаду дил месӯхт. Тарс буд, ваҳм буд. Акнун бо фармони дил ва садои баланд сӯйи масҷиди Хоҷа Абду Берун меоем.
Ҳоло шукр, бачаҳоро ҷой ба ҷой карда, вақти мустаҳкамии имону эътиқод ба даргоҳи Худованди бузург ихлосу мағфиратпурсӣ расид. Агарчӣ бо асорати пирӣ нур аз дидаву қувва аз тан камтар гурехтааст, барои намози идайн сӯйи масҷиди Хоҷа Абду Берун бо тамоми майл меоям. Ин амалро то дар бадан ҷон ҳаст, адо мекунам. Охир, шукри ин замону ин заминро накардан хуб нест. Дин ҳам як рукни маънавият аст.

Сӯҳбаторо О.ХИЗРӢ


Последнее редактирование: 18/09/2017 11:38;   Просмотров: 1340
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку