Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЯК РӮЗИ ҚУМЗОРИ ҲАМЕШАБАҲОР

Қумзор яке аз маҳаллаҳои ободу хуррам ва тоҷикнишини ноҳия ба ҳисоб рафта, солҳои охир дар ҷабҳаҳои тадбиркорӣ, ҳунармандӣ, таълиму тарбия, ободониву бунёдкорӣ, пешгирии ҷиноят ва қонуншиканӣ, ҳимояи иҷтимоии оилаҳои камбизоат, бо кор таъмин намудани ҷавонон, таҳкими тинҷиву осоиштагии мардум, фаъолиятмандии нурониён ва занону духтарон дар равнақи ҳамкориҳои оилаву мактаб ба комёбиҳои назаррас ноил шуда истодааст. Дар озмунҳои гуногуни ноҳиявӣ, вилоятиву ҷумҳуриятӣ иштироки фаъолона дораду соҳиби ифтихорнома ва тӯҳфаҳои муносиб гаштааст.

Дар маҳалла намояндагони илму фан, адабу фарҳанг, санъату спорт, ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзиву корхонаҳои хусусӣ хеле зиёданд. Ҳама баҳри рушду ривоҷи диёрашон аҳлона кӯшиш менамоянд.
Чуноне, ки мегӯянд, ватандорӣ аз оила ва маҳалладорӣ сар мешавад. Ҳар як ҳавлӣ, ҳар як кӯча, хонадон озодаву обод бошад, маҳалла ҳусни беҳамто ва шӯҳрат пайдо мекунад, - мегӯяд фахрии меҳнат, раиси нурониёни маҳалла, марди фозилу ташаббускор Абдураҳим Тӯрақулов. Мо бо ҷавонони меҳнатдӯст, сахиву баор, ҳамдиёрони солимфикру дилсӯзи маҳалла фахр мекунем.
Ин гуна фикрҳои хубу марғубро аз бисёр фарзандони Қумзор шунидаему дар амал дидаем.
Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар ин ҷо маъракаи интихоботи раис (оқсоқол)-и маҳалла баргузор гардид. Интихобот бо савияи баланди сиёсӣ, тайёрии ҳамаҷониба истиқбол гирифта шуд. Вакилони халқ бо кайфияти хуби идона дар асоси принципҳои демократӣ аз 2 номзоди пешниҳодшуда бори дигар ба муддати се соли оянда Зафарҷон Ҳалимовро ба ин лавозими масъулиятнок интихоб намуданд. Шоир мегӯяд:
Касе к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.
Дар сӯҳбат депутати Шӯрои ноҳиявӣ, тадбиркори номӣ Маматқул Шарифов ба мо сифатҳои хуби инсонии Зафарҷонро баён намуда, гуфт, ки мардум аз раисашон умедҳои калон доранд. Дар тӯли се сол маҳалла боз ҳам зеботару пешқадам хоҳад шуд.
Худи ҳамон рӯз бегоҳӣ ба шарафи Рӯзи Хотира ва қадршиносӣ дастархони идона ороста шуд. Фахриёни меҳнат, пирони рӯзгордида, фидоиёни касбу кори гуногун ҷамъ омаданд. Сӯҳбат аз ҳар мавзӯъ, аз дирӯзу имрӯзу фардои зиндагӣ, ватани маҳбуб, айёми ҷавонӣ, аз корбариҳои беназири роҳбари давлат, сарварони ноҳия ва ғайра ба миён омад. Аҳли давра орзуву ормон, ёддоштҳои завқбахши ҳаёти худро бо ҳам медиданд. Ба қадри ҳар як нафас, ҳар як соати умри пурмаъно расиданро талқин менамуданд. Дарҳақиқат, меҳру мурувват, дилёбиву ғамхорӣ, накӯкориву ҳимматбаландӣ бо корҳои амалӣ зебову гуворо ба назар мерасид.
Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,
Зиндагиро орзу ширин намуд.
Дар тадбири фархунда вакили ҳокимият С. Мардонов, раиси шӯъбаи ноҳиявии Хазинаи "Нуронӣ" О.Алиев иштирок намуданд.

МЕҲРАНГЕЗ


Последнее редактирование: 10/05/2019 16:00;   Просмотров: 1040
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку