Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

"ҶАШНИ РАМАЗОНӢ"

Маросими рамазонӣ, ки аз суннатҳои қадимии ниёгонамон ба шумор меравад, дар байни тоҷикони Афғонистон бо номи "Мелаи рамазонӣ", яъне "Ҷашни рамазонӣ" маъруф аст.

Маросими рамазонӣ, ки дар моҳи мубораки Рамазон доир мегардад, аслан иди кӯдакон буда, ташкилу баргузории он низ тавассути хурдсолон ба вуқӯъ мепайвандад.
"Мелаи рамазонӣ" шабона сурат мегирад ва 3-4 рӯз давом мекунад. Дар баъзе ҷойҳо то 10 рӯз идома меёбад.
Тарзи ташкилу гузарондани "Мелаи рамазонӣ" дар Афғонистон ба таври зайл аст: дар рӯзи 13-ум ё 14-уми моҳи Рамазон дар шаҳру ноҳияҳо бачаҳои хурдсоли ҳамгузар гурӯҳ-гурӯҳ як-ду соат пеш аз ифтор ва намози шом ҷамъ меоянд, дар ҷамъомад аз куҷо шурӯъ кардани "Мелаи рамазонӣ"-ро ҳаллу фасл менамоянд. Ба хотир оред сурудхонии "Бойчечак" ва "Наврӯз"-ро дар Самарқанди бостонӣ. Дар ҷамъомад бачаҳо аз байнашон як нафари шӯху чолокро ба сифати ширинкор ва якеи дигарро ба ҳайси сардаста интихоб мекунанд. Бачаҳо ҳамин, ки ба дарвозаи хонаи оилае наздик шуданд, таҳти навои таблаку сурнай ҳама бо садои баланд ва бо як низому оҳанги хосае ба хондани суруди дастҷамъона, ки бо номи "Рамазон" ёд мешавад, оғоз мекунанд:
Ҳама:
Рамазон, ё раб, ё раб Рамазон,
Ассалому алейк, моҳи Рамазон.
Як нафар:
Рамазон рафта буду боз омад,
Бенамозҳо сари намоз омад.
Ҳама:
Рамазон, ё раб, ё раб Рамазон,
Ассалому алейк, моҳи Рамазон.
Як нафар:
Рамазон сӣ рӯз меҳмони ман аст,
Ғунчаи гул сари дегдони ман аст.
Ҳама:
Рамазон, ё раб, ё раб Рамазон,
Ассалому алейк, моҳи Рамазон.
Як нафар:
Рамазон сӣ рӯз ёрӣ мекунад,
Шикамҳои пура холӣ мекунад.
Ҳама:
Рамазон, ё раб, ё раб Рамазон,
Ассалому алейк, моҳи Рамазон.
Як нафар:
Боми хонетон як тор овезон,
Худо бача тияд номаш Рамазон.
Ҳама:
Рамазон, ё раб, ё раб Рамазон,
Ассалому алейк, моҳи Рамазон.
Як нафар:
Мо бачаҳо ҳастем лучак-лучак,
Мо намегирем пайсаи пучак.
Ҳама:
Рамазон, ё раб, ё раб Рамазон,
Ассалому алейк, моҳи Рамазон.
Як нафар:
Мо бачаҳо ҳастем тоқа-тоқа,
Мо намегирем нонҳои қоқа.
Ҳама:
Рамазон, ё раб, ё раб Рамазон,
Ассалому алейк, моҳи Рамазон.

Бачаҳо сурудхонон дохили ҳавлӣ мешаванд. Бачаи ширинкор бошад, бо садои суруди рамазонӣ рақскунон ҷасту хез мекунад, бо ҳаракатҳои хандаовар аҳли хонаводаро ба худ ҷалб сохта, ба ханда меорад. Ин аҳвол 15-20 дақиқа давом мекунад. Сипас бачаҳо номи яке аз фарзандони он хонаводаро ба забон меоранд ва агар номи он фарзанд Зафар бошад, ҳамон номро ба суруд дохил карда, ҳама якҷоя ин ду мисраро месароянд:
Кунҷ-кунҷи хона чиҳо дидаем,
Сари Зафар гулҳо дидаем.
Ин байтро бачаҳо такроран мехонанд. Дар охир бачаҳо мебинанд, ки ҳунарнамоиву сурудхониҳои онҳо ба аҳли хонавода хуш омад, ба кадбону муроҷиат карда, бо овози баланд мегӯянд:
Ё ҷавоб, ё савоб,
Ё шишаи пургулоб,
Бибӣ, бибӣ, ҳу кун,
Даста дар канду кун.
Ҳарчӣ дорӣ берун кун,
Биёр рамазониро!
Бачаҳо ҳар чиро, ки аз қабили гандум, пули нақд, кулча, маска, панир насибашон мешавад, гирифта ва дар ҳаққи аҳли он хонавода дуои нек карда, аз он ҷо берун меоянд ва ба хонаҳои дигар мераванд.

Таҳияи МЕҲРАНГЕЗ


Дата добавления: 24/05/2019 15:20;   Просмотров: 885
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку