Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҶАВОНОН БУНЁДКОРИ ОЯНДААНД

Имрӯзҳо дар саросари мамлакатамон вохӯрии намояндагони халқ ба шӯрои ноҳиявию вилоятӣ ва Маҷлиси Олӣ бо аҳолӣ давом дорад. Чунин вохӯрии судманд бо иштироки депутати Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи интихоботии Самарқанд-68 Абдулло Аслонов бо ҷавонони маҳаллаҳои Гулбоғу Сулфакабудак, ки хонандагони мактаби рақами 17 ҳастанд, доир гардид. Онро директори мактаби мазкур Эътибор Ҷӯрақулова сарварӣ кард. Нахуст А.Аслонов ба ҷавонон аз моҳияти маърифати устодиву шогирдӣ, забономӯзӣ, китобхонӣ ва ҳунармандӣ бо мисолҳои рӯзгори худ сухан ронд.

Сипас, аз ҷониби ҷавонон ба депутат саволҳо дода шуд. Ба саволҳои ҷавонон, ки аз ҳолати хизмати коммуналии мактаб, кредитҳои имтиёзнок, дохилшавӣ ба таълимгоҳҳои олӣ ва ғайра буд, А. Аслонов ҷавобҳои саҳҳеҳ дод. Гуфт, ки ҳамаи инҳо танҳо бо шунидан намешавад, рӯзҳои баҳорон бо мадади раисони маҳаллаҳо ҳамроҳ ба экскурсияҳои таълимгоҳҳои олии мамлакат мебароем. Он ҷо худ бо чашми худ мебинед, ки имрӯз имконияти мамлакатамон нисбат ба таълиму тарбияи ҷавонон дар кадом сатҳ аст.
Раисони маҳаллаҳои Гулбоғ ва Сулфакабутак Озодҷон Хидиров ва Аброр Темиров низ нисбат ба вохӯрии ҷавонон бо депутут мулоҳизаҳои худро пешниҳод карданд.
* * *
Вохӯрии депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия, сарвари корхонаи истеҳсолии "Зулфия", тадбиркори саховатманду номӣ Ҳоҷӣ Фурқатҷон Узоқов бо интихобгарон ва ҷавонон аз намоишу фурӯши китобҳо оғоз ёфт. Зеро худи депутат низ шефтаву шавқманди китоб аст. Маҳз ӯ бо ҳамкории Маҷмӯъи маънавии "Олами китоби Самарқанд" дар саҳни мактаби рақами 45 китобдӯстонро гирд овард.
Сипас, дар толори мактаби мазкур ҷавонони маҳаллаҳои Найзатеппа. Шурбоича, Ҷӯйи Аббос, Гулистон, Мирзообод, Нуробод ва Раббимобод, ки асосан интихобгарони депутат Ф.Узоқов ҳастанд, ҷамъ шуданд.
Депутат Фурқатҷон Узоқов дар бораи фаъолият ва нақшаҳои ояндаи худ нақл карда, ба саволҳои аз ҳамдигар шавқовартарини интихобгарони ҷавон ҷавобҳои саҳҳеҳ дод. Ҳар як ҷавоби депутат оҳанги ҳаётӣ дошт. Котиби ноҳиявии Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон Исроил Мамаюсупов, раиси маҳаллаи Найзатеппа Сиддиқҷон Тӯхтаев, директори мактаби рақами 45 Зулхумор Файзиева низ дар боби вохӯрии депутат бо ҷавонон изҳори ақида намуданд.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 27/02/2020 16:08;   Просмотров: 856
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку