Буд, набуд, як рӯбоҳ буд, рӯбоҳи айёр буд, ба хӯрдан тайёр буд, тоқати кор кардан надошт, aз меҳнат безор буд. Як pӯз аз танҳоӣ зиқ шуду ба сари роҳ баромада, бо сангпушту мӯрча вохӯрд.
-Ту кӣ? – пурсид аз сангпушт!
- Мана мепурсӣ? Ман сангпушт.
- Ин ҷонварак чӣ? — Рӯбоҳ мӯрчаро нишон дод. Ин дӯсти ман – мӯрча.
- Дӯсти ман мегӯӣ? – тамасхур кард рӯбоҳ. - Ту магар аз зоти хазандаҳо нестӣ?
- Ҳа, ман хазанда-куя,- тасдиқ кард сангпушт.
- Ин мӯрча аз зоти ҳашарот-ку, чӣ xел ин кати ту дӯст шудӣ?
- Чӣ фарқаш ҳаст, ин ҳам ҷонвар, ман ҳам ҷонвар - гуфт сангпушт.
Рӯбоҳ ин гапро шунида, фикр кард, ки чонварҳои нодонро соз кардан даркор. Чунон соз кардан даркор, ки як умр фаромӯш накунанд. Агар ҳамин хел накунам, номи ман рӯбоҳ лақабам айёр нест, қасам хӯрд рӯбоҳ дар дилаш.
- Набошад, ман ҳам ба шумоён дӯст - гуфт рӯбоҳ, аз ду дӯст се дӯст беҳтар.
Сангпушту мӯрча розӣ шуданд. Рӯбоҳ пеш-пеш, сангпушт aз ақиби ӯ, мӯрча aз пушти сангпушт ба роҳ даромаданд. Рӯбоҳ ҳамроҳонашро ба ҷое гирифта рафт, ки он ҷо як тӯда гандумро рехта буданд.
Аҷаб гандуми сара будааст! - гуфт мӯрча як донаашро гирифта, калон-калон пурма?з, агар ҳамаи инро ба хонаам барам, тамоми зимистон маза карда, хӯрда мегардам.
- Э мӯрча, ту шарти дӯстиро вайрон кардани-ку! - гуфт рӯбоҳ. Мо дӯст шудем, дӯстон хар чӣ ки ёбанд, баробар тақсим карда мeгиранд.
- Ин гaп дуруст - тасдиқ кард сангпушт.
- Лекин ин гандум кам - суханашро давом дод рӯбоҳ - кирои тақсимкунӣ нест. Беҳтараш бурда, ягон замини на?з ёфта, аввал корему баъд ҳосилаша тақсим карда гирем.
Мӯрчаю сангпушт розӣ шуданд.
Гандумро ғундошта гирифтанду заминкобӣ рафтанд. Рафтанд, рафтанду рӯбоҳ як теппаи росту баландро нишон дода гуфт:
- Ана, замини нағзу тозаю мулоим! Гандумро ҳамин ҷо мекорем.
Рӯбоҳу мӯрчаю сангпушт гандумро як сӯ монданду ба шудгоркунии замин cap карданд. Як камакак кор карда буданд, ки рӯбоҳ ба теппа нигоҳ карда гуфт:
- Ин теппа ба назарам, ба болои замини мо меғалтидагӣ барин. Агар ғалтад, тамоми меҳнатамон барбод меравад. Шумоён шудгор кардан гиретон, ман рафта теппаpo дошта меистам.
Рӯбоҳ ба мӯрчаву сангпушт фурсати даҳон кушодан надода, тохта, ба болои теппа баромаду баҳазур хоб рафт.
- Ин дӯстамон моро фиреб медодагӣ барин-ку! — гуфт сангпушт арақи пешонаашро пок карда.
- Ғам нахӯр, агар фиреб диҳад, ҷазояшро медиҳем, — ӯро ором кард мӯрча.
Мӯрчаву сангпушт шудгорро тамом карда, дон пошнданду дар тараддуди дамгирӣ шуданд.
- Нағз меҳнат кардем, гуфт сангпушт шудгорро тамом карда.
- Меҳнат кардем, роҳаташа мебинем, – гуфт мӯрча.
- Maн ҳам аз шумоён камтар меҳнат накардаам! — гуфт рӯбоҳ ҳамин вақт аз теппа фаромада омад. Хайрият рафта будам, теппа чаппа шуда истода будааст, агар чораашро намедидам, чаппа мешуду хамаамон дар тагаш мемондем, касе ёфт намешуд, ки ба холи зори мо гиря кунад. Чунон зӯр задам, ки раги поям дард мекунад.
Чанд вақт гузашт. Аз таги замини нарм гандум неш зада баромад, майса шуд, баъд ниҳолҳои гандум қад боло карданд, хӯша бароварданд, хӯшаҳо дон баста пухтанд.
Мӯрчаву сангпушт ба сари гандумзор омаданд. Онро даравида, банд бастанд, хирман карданд, кӯфтанд. Сонӣ бод дода, ғалбер карданду акнун тақсим мекарданд, ки aз куҷое рӯбоҳ расида омад.
- Ассалом, шарикҳо! Гандум бисёр не-ку! — гуфт думашро бозӣ доронда рӯбоҳ. - Се тақсим кунем, ба ҳар кадомамон кам-кам мерасад, баракаташ мепарад. Беҳтараш, яктаамон гирему монем.
-Хайр, тy меҳнат накардаӣ, нагир! — гуфт сангпушт. - Ба ману мӯрча ҳамин қадараш ҳам давлати калон.
-Не, сашгпушт, ту аҳди дӯстия вайрон накун! — эътироз кард рӯбоҳ. Биёед, шарт мебандем. - ҳар кӣ барад, гандум аз они хамон.
-Чӣ хел шарт? — пурсид мӯрча.
Ҳар сеямон ба таги ҳо ана вай дарахти сада меравему aз ҳамон ҷо давида меоем. Кӣ пеш омад, гандума ҳамон мегирад.
Сангпушг розӣ нашуд:
-Ту медонӣ, ки аз мо пештар меоӣ. Ин шартат намешавад.
Мӯрча сангпуштро тарафдорӣ накарда гуфт:
-Ҳоло пештар омадани кӣ маълум нест. Шарти рӯбоҳа қабул мекунем.
Мӯрча ба сангпушт чашмак заду баъд, вақте ки рӯбоҳ ба тарафи сада равон шуд, ба гӯшаш чизе гуфт.
Ҳар се ба таги сада омаданд. То он ҷо қариб сад метр роҳ буд.
Тайёр шавед! — гуфт рӯбоҳ
Мӯрчаву сангпушт ба давидан тайёр шуданд. Як, ду, се! Давидем! — гуфту рӯбоҳ ба тарафи хирман чорхез зад.
Мӯрча дам назада, ба думи рӯбоҳ маҳкам часпида гирифт. Рӯбоҳ дар як он ба хирман расид.
- Ана, гандум ҳаққи ҳалоли ман шуд! — гуфта думашро ба рӯи гандум гузошту қоҳ-қоҳ хандид.
- Ҳой рӯбоҳ, хандая бас куну думата бардор! — гуфт мӯрча aз болои думи рӯбоҳ ба рӯи гандум фаромада.
- Ту «Ии гандум ҳаққи ҳалоли ман» гуфтӣ? Aз ту пештар ман омадаму ин гандум аз они тy мешудааст?
Рӯбоҳ ҳайрон шуда пурсид:
-Чӣ хел ту пештар aз ман омадӣ – а?
-Баробари ту тохта омадам, ҷавоб дод мӯрча.
-Бовар намекунам! — гуфта рӯбоҳ ҷанҷол бардошт.
Ба болои ҷанҷол сангпушт расида омаду гуфт:
-Ҳой рӯбоҳ, ҷон ширин ё гандум?
— Ин чӣ гапи гуфтагиат? — пурсид рӯбоҳ дар қаҳр шуда.
Овози сага намешунавӣ? — пурсид сангпушт. Ду саги зотӣ туя кофта меоянд.
Рӯбоҳ аз саг ҷудо ҳам метарсид. Гапи сангпуштро рост гумон карда, ба пушташ нигоҳ накарда гурехта рафт.
Мӯрчаву сангпушт ба ҳоли ӯ хуб хандида гуфтанд: ҷазои ҳилагap ҳамин! Сонӣ онҳо гандумро баробар тақсим карда гирифта, ба хонаашон бурданду тямоми зимистон маза карда хӯрда хоб рафтанд.
Аз «Афсонаҳои халқи тоҷик»
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.