Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҶАЗОИ МАКР

Бо мақсади ба даст овардани пули бедардимиён ҳамдеҳаҳо О. ва Л. ба кӯчаи ҷиноят медароянд.

Аввалҳои моҳи сентябри соли 2019 О. ба шаҳри Панҷакенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон рафта, ба шарики ҷиноии худ, шахси номаълум бар ивази 500 грамм воситаи гиёҳвандии "опий" 3000 доллари ИМА-ро медиҳад. Баъди бозгашт 10-уми октябр ба шарики ҷиноии худ Л. ном зан муроҷиат мекунад. Бар ивази аз пости назоратии байналхалқии "Ҷартепа-авто" аз Тоҷикистон пинҳонӣ ба Ӯзбекистон даровардани моддаи гиёҳвандӣ 200 доллари ИМА-ро ваъда мекунад.

Мувофиқи нақша О. ва Л. рӯзи 12-уми окябр ба деҳаи Ӯртақишлоқи шаҳри Панҷакент мераванд. О. аз дасти шарики ҷиноии худ 169,82 грамм моддаи "опий"-ро, ки дар селлофан печонида, дар дохили резина ҷойгир карда шудааст, мегирад. Бо нишондодҳои ӯ Л. ба ҳаммом даромада, моддаи гиёҳвандиро ба дохили аъзои танаш пинҳон мекунад. Ин макру ҳиллаи онҳо дер давом накард. Ҳангоми аз назорати пости "Ҷартепа" гузаштан амали ҷинояткорон фош гардид. Ҷинояткорон дастгир шуданд.

Дар бинои суди ноҳияи Самар­қанд суди кушод ба тариқи барномаи "ZOOM" гузаронида шуд. Ҳеҷ гоҳ ҷиноят беҷазо намемонад. Ҳукми суд эълон гардид.

Толиб БОЙЗОҚОВ,

раиси Суди ноҳия

оид ба корµои їиноє


Последнее редактирование: 29/07/2020 09:24;   Просмотров: 738
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку