Рӯзе Чӯлихола ба хонаи хоҳараш Баргигул барои дидорбинӣ омад. Хоҳарон ҳамдигарро сахт ба оғӯш гирифтанд.
Гирди дастархон сӯҳбати ҳар ду қӯр баст. Ногоҳ сӯҳбат дар бораи маросимҳои дафн рафту Чӯлихола ба хоҳараш Баргигул нигариста гуфт:
– Синни мо ҳам ба як ҷо мерасад. Кӣ медонад, ки фардо чӣ ҳодиса рӯй медиҳад. Ногаҳон афтида мурда монем ҳам ҳеҷ гап не. Барои ҳамин ба ту як маслиҳат дорам.
– Чӣ хел маслиҳат? - пурсид Баргигул.
– Ту бепарво нагарду ҳар замон ба бозор рафта, аз нафақапулият “латтаю путта” ва кам-кам собун оварда, ба сандуқат мон. Агар ягон чиз шуда монӣ, ба фарзандонат душвор намешавад. Мурдашӯву гӯркоб, бибихалифаву муллоҳоро розӣ кардан даркор.
– О чаро ин тавр мегӯед ойтиҷон?! - бо чеҳраи ҳайрону қаҳролуд пурсид Баргигул.– Наход ман ба мурдаи худам аз ҳозир тайёрӣ бинам, ин чӣ хел мешавад-а?
– Синну сол рафтан гирад, ба ҳаммааш тайёр шуданамон лозим. Ҳеҷ кас дар ин дунё сутун намешавад! Як рӯз не як рӯз, хоҳу ноҳоҳ ин дунёро тарк мекунем. Ба фарзандонамон осон шавад мегӯям-дия.
Баргигул дар ин бора бисёр андешиду “гапи хоҳарам Чӯлигул ҷон дорад” гӯён ҳар гоҳе, ки ба бозор равад, камтар собун ва матоъ харида меомад. Чакра-чакра дарё шавад, мегӯянд, ки дуруст будааст. Баргигул дар фурсати кӯтоҳ 80 то собун ҷамъ кард.
Собунҳоро ба як кунҷаки тахтмон гузошту бо ҳамин аз хотираш фаромӯш шуд.
Рӯзе аз рӯзҳо бо келинаш “гапаш гурехту” ба ӯ гуфт:
- Ҳо келинпошшо, шумо ин қадар ба ман шаттоҳӣ накунед. Қаҳру ғазаби маро намедонед, - Баргигул дар ғазаб шуда, боз бо мақоле суханашро давом дод. – Ҳоло шумо бо собуни ман ҷомашӯйӣ накардед.
- Хато кардед, бийимуллоҷон, хаёлатон ин қадар ҷомаҳоро ман бо чӣ шустам? - келин ҳам паст наомада ба модарарӯсаш ҷавоб дод. – Бо собунҳои Шумо ҷомашӯйӣ кардам, бийимуллоҷон.
- А, бо кадом собунҳо?
- Ҳамон собунҳое, ки дар кунҷаки тахтмон гузоштед...
Дилдора ҲАЛИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.