Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЁДГОРИ БАРОДАР

Ба ифтихори 90-солагии адиби барҷастаи
ҷаҳонӣ Чингиз АЙТМАТОВ

Яке аз онҳое, ки бо адиби тавонои дунё, фарзанди фарзонаи халқи қирғиз шодравон Чингиз Айтматов ҳамсӯҳбат шудаанд, шоири маҳбуби самарқандиён, корманди шинохтаи соҳаи матбуот ва адабиёт, тарҷумони бомаҳорат раҳматӣ Акбар Пирӯзӣ буданд.
Айёме мо аз устод Пирӯзӣ хоҳиш намуда будем, ки хотираҳои худро дар бораи вохӯрӣ бо Чингиз Айтматов ҳикоя намоянд. Инак, фишурдаи он хотирот:
- Охири моҳи майи соли 1972, рӯзи якшанбе буд. Ман дар шӯъбаи Ширкати сайёҳии «Интурист» дар Самарқанд, ки он дар меҳмонхонаи «Самарқанд» ҷойгир буд, вазифаи тарҷумон – роҳбаладро ба ӯҳда доштам.
Ҳамон рӯз навбатдори ширкат будам. Тахминан соатҳои 12-и рӯз аз ҳукумати вилоят занг зада, гуфтанд, ки тарҷумон-рӯҳбалад лозим аст. Ва бояд соати 14.00 дар бӯстонсаро (дача)-и ҳукуматӣ ҳозир шавад ва бо меҳмон Айтматов вохӯрад.
Вақте ки номи Айтматовро шунидам, дар ҳайрат мондам. Аз дил гузашт, ки шояд меҳмон ҳамон адибест, ки бо «Ҷамила» дар тамоми ҷаҳон шӯҳрат пайдо кардааст. Аммо боз бовариам намеомад. Наход, фалаки тақдирсоз маро имрӯз бо Айтматов рӯ ба рӯ месозад?!
Бо сад андеша ба бӯстонсаро рафтаму худро муаррифӣ кардам ва номи меҳмонро пурсидам.
- Чингиз Айтматов, нависанда, ҳозир истиқбол мегиред. - ҷавоб дод ходими бӯстонсаро.
Ҳамин тавр, аз дур чеҳраи ошнои Чингиз Айтматов намоён шуд. Ҳамсараш ва писараш Аскар ҳамроҳи ӯ буданд. Самимона вохӯрдем. Вақте фаҳмид, ки ман аз тоҷикони Самарқанд ҳастам, ба писараш рӯ овард:
- Аскар, дидӣ ин ҷавони роҳбалад нишони зиндае аз Суғдиён аст...
Пас савори «Волга-Газ-24»-и сиёҳ шудем. Ӯ дар бораи таърихи шаҳри мо, тамаддуни Суғдиён он қадар мегуфт, ки мани ҷавон ҳанӯз баъзеашонро намедонистам. Ёдгориҳои таърихии шаҳрро дидем.
Дар рафти саёҳат гуфтам, ки ман аксарияти асарҳои шуморо хондаам. Ба қарибӣ китоби «Роҳи Каҳкашон»-атон, ки панҷ қиссаро дар бар гирифтааст, аз чоп баромад. Ҳамаи осори шумо шавқоваранд...
- Додарам, худи пагоҳ ҳамон китобро биёред! – хурсандона хоҳиш кард Чингиз Айтматов.
Рӯзи дигар низ ҳамроҳ қадамҷойҳои куҳаншаҳрамонро зиёрат ва саёҳат кардем. Дар охир гуфт:
- Акбарҷон, шуморо ман додарам мегӯям. Соядастро дар китобатон ба забони модариам мегузорам. Мо минбаъд додару бародарем...
Бо Ч.Айтматов бори дуюм соли 1994 дар меҳмонхонаи «Ӯзбекистон»-и шаҳри Тошканд вохӯрдем. Ӯ он рӯзҳо дар Форуми фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ иштирок дошт.
Аз Ч.Айтматов ду хусусият ва ҳақиқати эҷодкорро омӯхтам: Аввалан донистам, ки бояд адиб дониши чуқур дошта бошад, сониян фаҳмидам, ки барои эҷодкор чизи майда-чуйда набудааст...
Адабиёти асри XX-XXI-и ҷаҳонро бе осори Ч.Айтматов тасаввур кардан мумкин нест. Солҳо мегузаранд. Номи Чингиз Айтматов чун нависандаи дӯстдоштататарини мардуми адабпарвари олам ҷовидон мемонад.
Ифтихор дорам, ки Худованд маро бо чунин инсони бузург, рӯ ба рӯ ва бародар сохтааст...

Озод ҲАМИДЗОДА


Дата добавления: 22/06/2018 15:49;   Просмотров: 1281
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку