Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЁРДАМЧИЁНИ ҲОКИМ – ИСЛОҲОТГАРОНИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ

Ин нуктаро бояд дуруст дарк кард. Ёрдамчиёни ҳоким - намояндагони президент дар маҳаллаҳо мебошанд. Вазифаи асосии онҳо рушди тадбиркорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, коҳиши камбағалӣ ва афзоиши даромади оилаҳо аст. Барои ин ёрдамчиёни ҳоким бояд аз бюрократия дар канор бошанд, ягон ҳоким, ё роҳбар онҳоро ба маҷлис даъват накунад ва "бори гарон"-и ҳисоботро ба дӯшашон нагузорад. Барои онҳо бояд фақат шароит фароҳам овард.
Шавкат МИРЗИЁЕВ

Соли ҷорӣ бо мақсади рушди тадбиркорӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва коҳиши камбағалӣ лавозими ёрдамчиёни ҳокими шаҳру ноҳияҳо таъсис гардид.
Ин масъала дар фармони Президент инъикоси худро ёфт. Бар асоси фармон аз Вазоратҳои рушди иқтисодӣ ва коҳиши камбағалӣ, молия, шуғл ва муносибатҳои корӣ, сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ, Кумитаи давлатии андоз, бонкҳои тиҷоратӣ, дигар идораҳои соҳаи иқтисоду сармоягузорӣ ва бахшҳои онҳо кормандони роҳбар, ки лавозимашон аз роҳбари шӯъба паст нест, интихоб шуданд. Кормандони роҳбари ҳокимиятҳои маҳаллӣ низ ба ин лавозим таъин гардиданд. Номзадҳое, ки бар асоси озмуни кушод интихоб шуданд, аз 11 уми январ ба сурати расмӣ кори худро оғоз карданд. Агар кадр аз ҳудуди дурдаст бошад, хароҷоти зиндагии ӯ комилан пардохт мегардад. Ёвари ҳоким мувофиқи шумораи оилаҳои маҳаллаҳои ба ӯ вобаста музди моҳона мегирад. Масалан, шумораи оилаҳо то 500 то бошад, маоши ёвар 6 баробари миқдори камтарини музди меҳнат (4 миллиону 932 ҳазор сӯм); шумораи оилаҳо аз 501 то 1000 то бошад 6,5 баробари миқдори камтарини музди меҳнат (5 миллиону 343 сӯм); шумораи оилаҳо беш аз 1000 то бошад, 7 баробар (5 миллиону 754 ҳазор сӯм) хоҳад буд.
Сӯҳбати мо дар ин бора бо ёрдамчии ҳоким дар маҳаллаи Кӯи Сахо Равшан Шодмонович ХАЙРУЛЛОЕВ сурат гирифт.
- Бигӯед, ки ҳоло ёрдамчии ҳоким дар маҳалла бо чӣ кор банд аст?
- Президентамон ба мо боварӣ намуда, ҳамчун намояндаи худ дар маҳалла эътироф карданд. Кӯшиш менамоем ин бовариро сазовор бошем ва барои пешрафти ватан саҳми муносиб гузорем. Зеро ёрдамчии ҳоким - ислоҳотгари Ӯзбекистони нав аст. Дар маҳаллаи Кӯи Сахо 3348 нафар аҳолӣ дар 515 хонадон зиндагӣ мекунад. Алҳол мо дар ҳар хонадон ташриф фармуда, бо аҳолӣ сӯҳбат мекунем. Муаммояшонро меомӯзем. Барои таъмини шуғли вакили ҳар оила чора меандешем.
- Барои ҳалли муаммо бо кадом ташкилотҳо ҳамкорӣ менамоед?
- Бо ташкилоти таъмини шуғли аҳолӣ, ҳокимияти ноҳия, бонкҳо, секторҳо ва ғайра якҷоя муамморо ҳал мекунем. Аксар бонувон кор кардан мехоҳанд, вале ҳунар надоранд. Мо онҳоро ба курси кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзӣ ҷалб мекунем. Барои ҷавноне, ки хоҳиши ба роҳ мондани тадбиркориро доранд, барои гирифтани кредити боимтиёз ёрӣ мерасонем. Оилаҳои камбизоат барои хариди чорво кредити боимтиёз мегиранд. Ҳоло барои ривоҷи паррандапарварӣ дар маҳалла ба аксар хонадонҳо инкубатор медиҳем. Зеро паррадапарвариро яке аз ҳафт хазина мегӯянд. Баробари таъмини рӯзгор фурӯши тухму гӯштро низ ба роҳ монда фоида мегирад.
- Аҳолӣ бештар барои ташкили кадом намуди тадбиркорӣ кредит гирифтанӣ мешавад?
- Асосан хизматрасонӣ. Дирӯз як муаллима таклиф намуданд, ки барои ташкили маркази хонишӣ, яъне репититор ёрӣ намоем. Ҳуҷҷатҳоро омода намудем ва он кас ба миқдори 50 миллион кредит гирифта, фаъолият оғоз мекунанд. Ин гуна тадбиркорӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маънавияти насли наврас хизмат мекунад.
- Дар оянда чӣ гуна нақшаҳо доред?
- Мехоҳам дар маҳаллаи Кӯи Сахо тадбиркориро бо маслиҳати раиси маҳалла Аъзам Раҷабов ривоҷ дода, инвеститсияи хориҷӣ дарорем. Намудҳои хизматрасониро васеъ кунем. Хуллас, нақшаҳои зиёд дорем. Барои ин кор ҳамнафаси мардум гардида, сӯи қуллаи мурод мешитобем.

Мусоҳиб Дилрабо НАСИМӢ.


Дата добавления: 28/01/2022 11:13;   Просмотров: 523
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку