(Аз силсилаи ҳикоёт)
Ман ба устодони ҷавон мегӯям: омӯзгорӣ кори саҳл нест. Пешакӣ дониста монед, ки шумо ғайр аз дарс додан, ба воқеаҳо ва ҳодисаҳои ногаҳонӣ, ки чашмдор набудед, рӯ ба рӯ мешавед ва худро гум кардан мумкин. Бинобар ин, ҳамеша ҳушёр ва тайёр истед. Сабаби шуморо огоҳ карданам ин, ки ба ман касе дар ин бора чизе нагуфтааст. Чизи дигар ин, ки ба шумо мумкин воқеаи ғайриоддии нав рӯ ба рӯ шавад. Чунки зиндагӣ, махсусан, ҳаёти бачаҳо пур аз тасодуфҳост. Ва устод бояд дар миёни онҳо худро озод ҳис кунад ва бо тезкорию зиракӣ ҳар гуна муаммоҳоро бартараф карда тавонад. Ҳатто ба тифлакони хурдтарин бо назари эҳтиром ва дӯстона муносибат карданро вазифаи асосӣ ҳисоб кунад. Дар ҳар гуна ҳолат худро гум накардан, бомулоҳиза будан, асабонӣ нашудан шарт будааст. Дар акси ҳол аз касби интихобкардаатон дилхунук шуданатон мумкин. Чуноне ки бо ман ҳамин тавр шуда буд.
Соли аввали ба кор омаданам буд. Ба ман синфи якумро доданд. Ғайр аз омӯзиши "Алифбо" фанҳои дигарро низ ба хурдтаракон ёд додан машаққат буд. Вақте ки дар ҷараёни дарс ба душвориҳо дучор меомадам, дилтанг мешудам, аз касби интихобкардаам ҳазор бор пушаймон гардида, борҳо аҳд мекардам, ки аз баҳри омӯзгорӣ барояму ягон кори дигар ёбам. Аммо он вақтҳо дар деҳот кори мувофиқ канӣ? Таъминоти оила маро аз поям сахт дошт. Ва ман кори худро давом додан гирифтам.
Оҳиста - оҳиста бо бачаҳо одат кардам. Не, ин тавр не, аниқтараш, бачагон маро ба касбам дилгарм намуданд. Аҷибаш ин буд, ки онҳо ҳатто ба дарсдиҳии ман ёрӣ мерасонданд. Масалан, вақте ки шарикдарсашон бо зудӣ хонда ё навишта натавонад, аз ман пештар ба гӯшаш пичирросзанон мефаҳмонданд, ки муаллим чӣ мегӯяд. Ё худ бо зудӣ қаламро гирифта, навиштанро нишон медоданд. Ин кор касро ба ҳайрат меовард.
Дар синф писараку духтаракони дӯстрӯю хандонрӯ бисёр буданд. Махсусан, ҳаракату кордориҳои Зокир дар дилам муҳаббати устодонаро пурқувваттар мекард. Вай писараки хурдҷуссаи гандумранги тезҳаракат буд. Ба ҳама меҳрубон буд. Ӯро ранҷонанд ҳам, касеро намеранҷонд. Балки ба бачае, ки ҷаҳли вайро оварданӣ шавад, "ҷӯраҷон, бекора ҷӯрагия накан" гӯён бо овозаки форамаш ҳар гуна дили кинадорро ба даст меовард. Ба бачаҳое, ки дафтар ё қалами худро фаромӯш мекарданд, дарҳол дафтару қаламҳои эҳтиётиашро тақсим карда медод. Хулоса, Зокир бо ҳаракату гуфторҳояш номаълумак муҳити ноороми синфро ба маром медаровард. Бешубҳа, агар вай барин бача намебуд, ман бо шавқу завқ дарс доданро ёд намегирифтам. Бале, рост мегӯям. Рафтору одоби ин писарак ба тарзи муомилаи ман низ таъсири худро гузошт. Вагарна, кӣ медонад, ман ба кӯдакони сустхону гарданшах мисли баъзе устодони ноилоҷмонда аз синф бароварда пеш мекардам?
Зокир дасти рости ман шуда буд. Ба хаёлам, бачагон маро нею Зокирро бештар ҳурмат мекарданд. Аммо вай ҳанӯз хурдсол буд. Дар дарёи бачагии худ шино мекард. Вале дар ҳар ҳолат кӯшиш менамуд, ки касе аз вай наранҷад.
Дарси математика буд. Якчанд мисолро навиштам, ки бачаҳо мустақилона ҳал кунанд. Зокир ҳамроҳи Толиба дар партаи пеш менишаст. Аз ҳама пеш мисолҳоро кор кард. Баъд бесаброна даст бардоштан гирифт. Ман ӯро назди тахтаи синф баровардам. Бӯрро гирифта тез-тез ҷавоби мисолҳоро навиштан гирифт ва ҷунбуҷӯлу ҳаракатҳояш ба назарам хандаовар намуд. Ҳатто гоҳ пои росту гоҳ пои чапашро ба фарш зада - зада, навиштанро давом медод. Бачагон пиқ - пиқ ханда мекарданд.
Наҷунбида навиштан мумкин не, Зокирҷон? - бо оҳанги илтимос оҳиста гуфтам ман.
Не! - гуфт Зокир илтиҷоомез чашмонашро калон - калон кушода ва рангаш канда.
Ба ту чӣ шуд? - Ман бо хавотир ба ранги паридааш назар кардаму саросема шудам.
Муаллима! Зокир ба осиёб об сар дод! - Ногаҳон Ойбек ном писараки шӯхтабиат, ки ҷӯраи ҷонии Зокир ба ҳисоб мерафт, хандида фарёд зад.
Сабаби ҷастухези писарак акнун ба ман аён шуда, аз нодонии худ хиҷолат кашидам. Пас кӯдаки бечораро аз ҳолати нобоб бароварданӣ шудам.
Наход? О, кори нағз нашудааст-ку. Ту берун баромадан мехостӣ, ман туро ба назди доска баровардаам. Мебахшӣ, писар. Зуд хона раву шиматро дигар кун.
Зокир як ба зери пояш нигоҳ карду хурсандона гуфт:
Хафа нашавед, муаллима, ҳамааш аз поча фаромада рафт. Шим тар нашудааст.
Чунин рафтори Зокир ба ман боз сабақи нав дод ва минбаъд ба ҳар як ҳаракати кӯдакон эътибор медодагӣ шудам.
Маҳбуба ТУРСУНОВА
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.