Муаллими хонандагони синфи як ба шогирдон азёд кардани шеърро фармуда буд.
Хурдтаракони шоду хандон мехостанд зудтар вазифаро гуфта, аз муаллим офарин шунаванд. Аз ин рӯ, бесаброна дасти росташонро боло мекарданд. Танҳо писараке дар партаи дуюм хомӯш менишаст. Ӯ мисли дигар ҳамсинфонаш бо овози баланд гап намезад.
- Давлатҷон, ту шеърро азёд кардӣ? – ба писарак рӯ овард муаллим. – Канӣ, бихон!
Давлатҷон аввал сар хам карда, ба замин чашм дӯхт. Сипас бо овози хеле паст шеърро хонд, ки ҳамсинфонаш дилгир шуда, хархаша карданд.
- Офарин, Давлатҷон, - гуфт муаллим. - Шеърро ҳамроҳи кӣ азёд кардӣ? Канӣ, баландтар гап зан.
- Бо атаам. – ҷавоб дод Давлатҷон ва шарм дошта, ба замин нигарист.
Омӯзгор пай бурд, ки вай ба ҷои овози “ке” овози “те”-ро истифода мебарад.
Муаллима пас аз анҷоми дарс писаракро наздаш хонда, шеърро пурсид. Маълум шуд, ки Давлатҷон дар талаффузи овози “ре” ва “се” низ душворӣ мекашад. Аз ин рӯ, писарак аз бачаҳо худро дар канор мегирад. Метарсад, ки ҳамсинфонаш ӯро масхара мекунанд.
Муаллим рӯзи дигар бо модари Давлатҷон гуфтугӯ намуда, фармуд, ки писарашро ба шифокори мутахассис нишон диҳад.
- Ба духтур бурдан шарт нест! – ҷавоб дод модар. – Дар фасли зимистон акка ояд ва “қар-р-қар-р” гӯяд, писарам низ ба вай пайравӣ намуда, “ре”-гӯиро ёд мегирад. Боз модаршӯям гуфтанд, ки дохили зарф қошуқҳоро шақаррос занонида шӯед ва обашро ба бачаатон хӯронед, забонаш бурро мешавад...
Аксар волидон ба талаффузи дурусти фарзандашон эътибор намедиҳанд. Чаро забони баъзе бачаҳо “ширин” мешавад? Барои пешгирии лакнати забон чӣ бояд кард? Дар ин бора мо бо муаллими кафедраи методикаи таълими томактабии Донишгоҳи давлатии Самарқанд Гулчеҳра ФАЙЗУЛЛОЕВА ҳамсӯҳбат шудем.
- Бигӯед, ки аъзоҳои нутқи бача то чандсолагӣ бояд пурра ривоҷ ёбад?
- Бачаи 2-3 солаи солим бояд ҳамаи калима ва ҷумлаҳоро пурра талаффуз карда тавонад. Зеро дар ин синну сол фаъолияти нутқи ахборотрасонӣ пурра ривоҷ ёфта, бача фикри худро изҳор карда метавонад. Аксар волидон бачаро аз ҳад зиёд эрка мекунанд ё ба вай тақлид карда, сухан мегӯянд. Дар натиҷа бача овози “ре”-ро талаффуз карда натавониста, “йе” мегуфтагӣ мешавад.
- Дар вақти талаффузи баъзе овозҳо ва ҳиҷоҳо забон беихтиёр мегирад ё ҳамон овоз чанд маротиба такрор меёбад. Сабаби лакнати забони аксар бачаҳо дар чист?
- Лакнат асосан дар синни томактабӣ бештар дар писарбачаҳо ба вуҷуд меояд. Сабабҳои лакнат ба нутқи нодурусти атрофиён тақлид намудани кӯдак, тез гап задани падару модар ва мураббӣ мебошад.
Баъзан лакнат дар натиҷаи суст инкишоф ёфтани нутқи кӯдак низ ба вуҷуд меояд. Лакнат аз ягон беморӣ грипп, шамолкашӣ ё сулфакабутак, инчунин тарс ё ягон ҷанҷоли оилавӣ низ ба амал омада метавонад.
- Оё онро дар муҳити хона муолиҷа кардан мумкин аст?
- Агар дар оила ва ҷамоаи кӯдакон муҳити хуб мавҷуд бошад, лакнат бе муолиҷа ҳам бартараф шуда метавонад. Ҳангоми бо лакнат вобаста будани хусусияти инкишофи нутқ имконияти ислоҳ намудани он ба атрофиён вобастагӣ дорад. Гуфтугӯи падару модар дар бораи лакнати кӯдак дар ҳузури ӯ, дилсӯзӣ, эроди беадабона ва ғайра ба кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Ҳангоми дар кӯдак пайдо шудани лакнат зуд ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Муолиҷаи лакнатро сари вақт оғоз намудан беҳтар. Хусусан, ба кӯдак ифода намудани тарзи нутқ ва ҳангоми сухангӯӣ шитоб накарданро омӯхтан лозим. Бо кӯдак доир ба кинофилми ҳамроҳ тамошокарда ё ягон чизи якҷоя хонда сӯҳбат оростан муҳим аст. Бартараф кардани лакнат аз калонсолон сабру тоқати зиёдро талаб мекунад. Барои машғулият соати муайян ҷудо карда, ба дуруст талаффуз кардани нутқ эътибор бояд дод. Дар натиҷа лакнат кам мегардад.
- Кӯдаки забонаш лакнатдор дар вақти гуфтугӯ хиҷолат мекашад...
- Дар натиҷаи масхара ё таъназании атрофиён кӯдаки забонаш лакнатдор беҷуръат, шармгин ва камгап мешавад. Дар вақти гап задан сурх шуда арақ мекунад. Дар характераш низ дигаргуниҳо пайдо мешавад. Дар назараш ҳама чизҳо безеб менамояд. Ҳисси бадбинӣ, зудранҷӣ, асабишавӣ ва худбинӣ зиёд мешавад. Аз ин рӯ, бачаҳои забонашон лакнатдор то бартараф шудани нуқсон дар мактабҳои махсус таълим мегиранд. Он ҷо омӯзгорон ва мутахассисони соҳа ба онҳо ёрӣ мерасонанд.
- Дар суханронии аксар ҷавонон низ лакнат дида мешавад...
- Дуруст. Лакнат бисёр вақт боқӣ мемонад ё ҳатто авҷ мегирад. Хусусан дар ҷавонӣ. Ба фикри мутахассисон лакнат дар 25-30 солагӣ кам шуда, дар пиронсолӣ қариб вонамехӯрад.
- Барои пешгирии лакнат чӣ бояд кард?
- Аввало бояд падару модар бо ҳам тифоқ бошанд. Аъзоёни оила бо хушмуомилагӣ гуфтугӯ кунанд. Бача аз онҳо ибрат мегирад. Ҳеҷ гоҳ ба кӯдак тақлид карда, гуфтугӯ накунанд. Зеро нутқи падару модар ва мураббиро бача тез азхуд мекунад.
Мусоҳиб Дилрабо НАСИМӢ
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.