Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЗАМИН БОИГАРИИ МОСТ

Мусоҳиба бо сардори шӯъбаи кумитаи давлатии “Ергеодезкадастр”-и ноҳия Зафар Олимов

Чанде пеш дар матбуот қарори ҳукумат “Доир ба захираҳои замин, геодезия, картография ва кадастри давлатӣ” эълон шуда буд. Ходимони шӯъбаи кумитаи давлатии “Ергеодезкадастр”-и ноҳия барои таъмини иҷрои он ҷидду ҷаҳд доранд.

Идораи мазкур дар собиқ бинои хоҷагии ҷамоавии “Гулистон” ҷойгир аст. Бояд таъкид намуд, ки аз пагоҳӣ то бегоҳӣ аҳолии ноҳия барои кадастр, яъне таҳияи ҳуҷҷати манзили худ ба ин ҷо меоянд. Гарчанд сардори он Зафар Олимов бо вуҷуди ниҳоят серкор будан, вақт пайдо кард, ки бо мо сӯҳбат ороста, ба чанд пурсишамон ҷавоб диҳад.

Зафар Зиёдуллоевич, аввало дар бораи худ маълумот медодед.

– Ман фарзанди ноҳия ҳастам. Дар деҳаи Арабхона таваллуд ёфта, баъди хатми мактаби зодгоҳ шомили донишкадаи кишоварзӣ шудам. Дипломи онро гирифтам ва бо маслиҳату дуои падару модар боз таҳсилро дар донишкадаи молияи Тошканд идома додам.

Яъне соҳиби ду дипломи мактаби олӣ шудед?

– Ҳа, ҳамин тавр.

– Сонӣ чӣ?

– Ана баъд дар шӯъбаи кумитаи давлатии “Ергеодезкадастр” ба кор омадам. Устодони аввалини ман Толиб Шарофов ва Шароф Бурҳонов мебошанд. Барои дониши назариявиро ба амалия пайвастан хизмати онҳо калон аст. Бо хости Худо ва амри тақдир аз ходими оддӣ то дараҷаи сардор расидам.

Хеле нағз. Акнун гӯед, вазифаи шӯъба аз чи корҳо иборат аст?

– Кумита ва сохторҳои поёнии он баҳри босамар ва оқилона истифода бурдан аз замин, пешгирии роҳи қонунвайронкунии он таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳавлию ҷой, минтақаҳои тадбиркорӣ, боғбонӣ, соҳибкорӣ ва ғайра машғул мебошад.

Бо ходимони худ шинос мекардед.

– Толиб Қодиров, Зариф Очилов, Санъат Солеев, Абдувалӣ Ашӯров ва дигарон пиру устодони соҳибтаҷрибаи идораи мо гӯям, муболиға намешавад. Корҳои ибратбахши онҳоро аз дигар ноҳия ва вилоятҳо омада омӯхта истодаанд. Инчунин Суннат Олимов, Рустам Расулов, Бобур Раҷабов, Далер Ҳоҷиев ба халқ хизмати беминнат мерасонанд. Мудири қабулхона Сайёд Рӯзиев мизоҷонро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифта, барои ҳоҷати онҳоро баровардан ҷоннисор аст. Зеро падари бузургвори ӯ Саидмурод Рӯзиев солҳои тӯлонӣ дар идораи мо хизмати шоиста карда, ба нафақа баромад. “Ҷои аспро той мегирад” мегӯянд, ки ҳақ асту рост.

Баъзе шахсон худсарона заминро ишғол карда иморат месозанд, ёки баъзе тадбиркорон аз майдони кишоварзӣ бесамар ва ҳатто ба мақсади дигару гуногун истифода мебаранд.

– Дуруст гуфтед. Ҳангоми аз ҷониби ходимони мо бурдани корҳои назоратӣ мувофиқи реҷа бисёр ҳолати вайронкунии Қонуни замин муайян гардида ба баъзе шахсон ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

–Зафар Зиёдуллоевич, маслиҳати шумо?

– Дар маърӯзаи Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев дар маҷлиси васеи Девони Вазирон ба зиммаи ҳамаи мо, аз он ҷумла идораи кадастр як қатор вазифаҳо гузошта шудааст. Воқеан, бояд фаромӯш накунем, ки замин боигарии мост. Тақсими дуруст ва аз он босамар истифода бурдани соҳибкору деҳқон, тадбиркору боғбон ҳам қарз асту ҳам фарз. Танҳо соли гузашта беш аз сӣ нафар тадбиркори ноҳия тавассути тавсияи мо ва қарори ҳоким соҳиби замин шуданд, ки дастархонамон фаровон, ҳаётамон обод, тӯй ва дигар маъракаҳо хушу хурсандона хоҳанд гузашт.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
Аксбардор Баҳодури ЗОҲИР

 

 


Дата добавления: 03/02/2017 15:28;   Просмотров: 1678
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку