Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ -

манбаи даромад

Заминро ба модар монанд мекунанд. Он ҳам мисли модар инсонро мехӯронаду мепӯшонад. Агар инсон ба замин меҳр дода, павариш намояд, он ҳам саховати худро дареғ намедорад. Маҳмуд Эшонқулов ва Зиёбой Усмонови равонакӣ аз ҷумлаи чунин инсонҳои меҳнатдӯстанд.
- Даромади асосии мо аз деҳқонӣ аст, - мегӯяд М.Эшонқулов. - Аз ин рӯ, аз ҳар як ваҷаби замин пурсамар истифода бурда, ҳосил мерӯёнем. Аҳли оила аз як гиребон сар бароварда, дар чор фасли сол меҳнат мекунем. Зимистон зери плёнка кабудиҳои гуногун аз қабили пиёз, петрушка, шибит, гашнич, баргак парвариш менамоем.
- Замини наздиҳавлигӣ манбаи даромад аст, - илова намуд З.Усмонов. - Шукри замин, ки рӯзгорамон обод, дастархонамон фаровон ва тӯю тамошо мекунем.
Деҳқонон барои таъмини фаровонии дастархони мардум саҳм мегузоранд. Дар фасли сармо сабзавоту зироатҳои тару тозаро пешкаши аҳолӣ мегардонанд. Онҳоро ҳамеша дар байни замин мебинем. Гоҳо бо кишти тухмӣ машғул бошанд, гаҳе ба замин нуриҳои минералӣ медиҳанд. Ба ғайрати онҳо ҳаваси кас меояд.

Малика САМАНДАРОВА,
кишоварз


Последнее редактирование: 12/02/2019 12:55;   Просмотров: 956
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку